Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистони мустақил 20 - сола шуд

25.01.2012 08:00, шаҳри Душанбе

Соли 2011 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, асосан, чун соли натиҷагирӣ аз дастовардҳои 20 соли истиқлолияти давлатӣ ва таҷлили солгарди 20 – уми ин неъмати бебаҳо дар ёдҳо нақш хоҳад баст.

Гузашта аз ин, соли 2011 - ро метавон соли барқароршавии рушди бонизом баъди бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ арзёбӣ намуд, ҳарчанд болоравии нархи маҳсулоти нафтию дигар сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири зиёди манфӣ мерасонад.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар ин сол ба ҳаҷми 30,2 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2010 5,7 миллиард сомонӣ зиёд буда, ба ҳар сари аҳолӣ 4000 сомонӣ рост меояд. Буҷети давлатӣ бошад ба андозаи 8,3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки  нисбат ба Буҷети давлатии соли 2010  1 миллиарду 755 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Агар нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар соли 2011 бо солҳои 90- уми асри гузашта муқоиса намоем, аён мегардад, ки суръати пешрафту тараққиёт хеле баланд аст. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои амалкунанда аз соли 1997 то соли 2011 58 баробар афзудааст.

Агар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба сари ҳар нафар аҳолии кишвар дар соли 1997 ҳамагӣ 19,8 сомониро ташкил карда бошад, пас он дар соли 2011 - 1060 сомониро ташкил медиҳад, ки қариб  54 баробар зиёд аст.

Дар 13 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 109 миллион сомонии соли 1997, соли 2011 ба 8,3 миллиард сомонӣ мерасад, ки ин рақам нисбат ба соли зикршуда 76 баробар зиёд мебошад.

Ҳоло дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ 56 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар маҷмӯъ тӯли даҳ соли охир зиёда аз 150 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард  сомонӣ ва 200 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақим амалӣ шудааст.

Соли 2011 сиёсати хориҷии бар стратегияи “дарҳои кушода” ва афзун намудани сафи дӯстони Тоҷикистон асосёфта бо муваффақият идома ёфт.

Дар соли 2011 Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба 10 давлати ҷаҳон 12 сафари пурмаҳсули давлатӣ, расмӣ ва ё корӣ анҷом дод.

Нахустин сафари хориҷии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  аз 7 то 9 март ба Ҷумҳурии Исломии Покистон рост омад.

Зимни ин сафар, ки мақоми давлатӣ дошт, Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ ва Сарвазири он Юсуф Ризо Гелонӣ мулоқотҳои судбахш анҷом дод, Эъломияи муштараки ду давлат ва 3 созишномаи байниҳукуматию байниидоравӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва варзишу тарбияи ҷисмонӣ ба имзо расид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар соли 2010 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар нисбат ба соли 2009 сеюним баробар ва рафтуомади шаҳрвандони Покистон ба Тоҷикистон 3 маротиба афзун шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла дар бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ ва интиқоли нерӯи барқ, ба ҳам пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди ду кишвар, иштироки якҷоя дар коркарди канданиҳои фоиданок ва нахи пахта, бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ дорои манфиати зиёд барои сохторҳои давлатӣ ва соҳибкории ду кишвар маънидод гардид.

Дар Исломобод Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии ин кишвар - Нишони Покистон ва Осиф Алӣ Зардорӣ бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон  – ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуданд.

Барои густариши ҳамкории ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамгироии зиддитеррористии сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Покистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо роҳбарони палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумони ин кишвар ва роҳбарияти як қатор сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи он вохӯриҳои  судбахш анҷом дод.

Рӯзҳои 26 ва 27 март Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон  шаҳри Теҳрон қарор дошт.

Зимни мулоқот бо  Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод нахуст ҳамдигар ва мардумони Тоҷикистону Эронро бо Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, аз ҷаҳонишавии ин ҷашни бостонии ориёитаборон арзи ифтихору сарфарозӣ намуданд.

Аз муколамаи мунтазами роҳбарии ду давлат, тасмимот ва самту арсаҳои нави ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тасмимоти ҷониби Эрон доир ба фаъол намудани чархаи якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 то ҷашни 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ, як корхонаи истеҳсоли семент бо маблағи 500 миллион доллари амрикоӣ ва се шифохона боиси қаноатмандии хос арзёбӣ гардид.

Рӯзи якшанбеи рӯзи 27 март дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон - шаҳри Теҳрон Иҷлосияи дуюми Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз ва тантанаҳои идона баргузор гардид, ки дар онҳо  сарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Ироқ, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Туркия, Салтанати Уммон, Давлати Кувайт, Танзания ва ғайра иштирок намуданд.

Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки чорабиниҳои идонаи бахшида ба Ҷашни сеюми ҷаҳонии Наврӯз соли 2012 дар Тоҷикистон барпо гарданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳо ва аҳли илму фарҳанги кишварҳои мазкур ва дигар давлатҳои таҷлилкунандаи Наврӯзи хуҷастапайро ба иштироки фаъол дар тантанаҳои наврӯзии соли 2012 ба сарзамини зархези мо даъват намуд.

Дар ҳошияи Иҷлосияи дуюми Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай  мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.

Аз 5 то 12 июн Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо сафарҳои расмию корӣ дар Шӯрои Аврупо, Парлумони Иттиҳоди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва 4 давлати ин қитъаи ҷаҳон – Фаронса, Люксембург, Австрия ва Маҷористон қарор дошт.

Сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо 6 июн аз шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса оғоз ёфт.

Дар мулоқот бо Дабири кулли Шӯрои  Аврупо  Торберн Янгланд харду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бо ишора ба аҳамияти стратегии татбиқи лоиҳаҳои минтақавии фарогири Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таъкид доштанд.

Баъди анҷоми ин мулоқот Конвенсия оид ба пазируфтани маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо  ба имзо расид. Ба  ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Шӯрои Аврупо Торберн Янгланд имзо гузоштанд.

Ҳамчунин Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо эълон гардид, ки дар он самтҳои густариши робитаҳои минбаъдаи ду ҷониб муайяну мушаххас шудааст.

Нимаи дуюми рӯзи 6 июн  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бинои Парлумони Аврупо ташриф оварда, нахуст бо Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек мулоқот намуд.

Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек дар посух изҳор дошт: «Тоҷикистон, ки дар қалби қитъаи Осиё қарор гирифта, бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистону Узбекистон ҳамсарҳад аст, дар он минтақа мавқеи стратегӣ дорад ва Иттиҳоди Аврупо ба густариши муносибатҳо бо он манфиатдор аст».

Бегоҳии рӯзи 6 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ  иштирок ва суханронӣ намуда, ба суолҳои сершумори вакилон посух гуфт.

Вакилони Парлумони Аврупо, аз ҷумла ба масоили дастрасии васеи аҳолии Тоҷикистон ба мактабу маориф, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини шаффофият дар кори сохторҳои идораи давлатӣ, истифодаи захираҳои обу энергетика, мушкилу монеаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Тавре аён гардид, таваҷҷӯҳи аҳли Парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ба хусус бо назардошти мавқеи калидии геополитикии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва имкону захираҳои фаровонаш барои таъмини рушду тараққиёти кулли ин минтақаи фарох, рӯ ба афзоиш дорад.

Мулоқотҳои судбахши Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти сохторҳои бонуфузи аврупоӣ, ҳамчунин зимни сафари расмии ӯ ба Герсогии Бузурги Люксембург идома ёфт.

Дар мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Филипп Мейштадт бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон нахустин шарики ин бонк дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Ҳамкории Тоҷикистону Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар асоси созишномаи  дуҷониба, ки моҳи феврали соли 2009 ба имзо расида буд, оғоз ёфт.

Миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ боз ду созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки нишонаи возеҳи ҳавасмандии Иттиҳоди Аврупо ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст. Ин санадҳо дастгирии молиявии татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон, аз ҷумла кам кардани талафоти нерӯи барқро дар назар дорад.  Мутобиқи онҳо дар давраи аввал барои ин ҳадафҳо ба Тоҷикистон 14 миллион евро қарзи имтиёзнок ва 7 миллион евро маблағи грантӣ ҷудо карда мешавад.

Тибқи барномаи сафари расмӣ ба Герсогии Бузурги Люксембург Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Люксембург бо Гертсоги Бузурги Люксембург Анри Албер Габриэл Феликс Мари, Президенти Палатаи вакилони (Парлумони) Люксембург Лаурент Мозар ва Сарвазири ин кишвар Жан Клод Юнкер мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Миёни Тоҷикистону Люксембург 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя;

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Люксембург.

Дар Люксембург Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар Форуми  ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Люксембург иштирок намуда, мулоқоти судбахши дигар бо роҳбарон ва намояндагони як қатор созмонҳои ҷамъиятии тоҷикону тоҷикистониёни муқими Нидерландия, Белгия ва Люксембург анҷом дод.

Тавре зикр гардид, дар ин кишварҳо ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Белгия,  Нидерландия ва Люксембург, Бизнес – клуби Нидерландия – Тоҷикистон, клуби Белгия-Тоҷикистон, Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Брюсел, ҷамъияти дӯстии Люксембург-Тоҷикистон ва ғайра фаъолияти босамар доранд.

Зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Австрия Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ин кишвар Ҳайнтс Фишер ва Раиси Парлумони Австрия Барбара Прамер мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Ҳарду ҷониб омодагии худро барои густариши робитаҳои сиёсӣ, муколамаи мунтазам ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои энергетика, иқтисоду савдо, илму техника ва ғайра таъкид намуданд.

Ба гуфти Ҳайнтс Фишер “Австрия чун Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обию энергетикӣ аст, 22% нерӯи барқаш дар нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад ва кишвар дорои таҷрибаи ғанию мутахассисони зиёд дар ин бахш мебошад. Аз ин хотир Австрия метавонад бо Тоҷикистон дар ин ва дигар соҳаҳои судовар ҳамкории босамар дошта бошад”.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмии сарони ду давлат Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба,  Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва Созишнома миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.  

Дар шаҳри Сент-Пёлтени Австрия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкати гидроэнергетикии Войс ҳайдро, ки бо давлатҳои Амрикою Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамкории густурда дорад, аз наздик шинос шуд.

Зимни сӯҳбат бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати мазкур Леополд ҳинингер ва аъзои Шӯрои мудирони он ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар Австрия ҳайати ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ иштирок намуд.

Тавре аён гардид, ҷаҳду талошҳои бисёрсолаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи пуштибонӣ аз ташаббусҳои судбахши байналмилалӣ ва лоиҳаҳои стратегии зербиноии кишвар, аз ҷумла дар самти рушди гидроэнергетика, дар минтақа ва ҷаҳон мавриди дарки дуруст ва пазироию дастгирӣ қарор мегиранд.

Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Созишнома оид ба мақоми Дафтари созмон дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Маҷористон низ, ки 11 ва 12 июн ҷараён гирифт, пурмаҳсул буд.

Омодагии ҷиддии ҷониби Маҷористон ба ин сафар ва эҳтирому самимияти баланди мизбонон аз лаҳзаҳои аввали ба хоки ин сарзамин қадам гузоштани Сарвари давлати Тоҷикистон аён гардид. Майдони истиқболи фурӯдгоҳи байналмилалии Будапешт ва ҳам кӯчаҳои марказии пойтахти Маҷористон бо шиору овезаҳои пазироӣ ва парчамҳои давлатии ду кишвар, ки бо рангҳои сурху сафеду сабз ва тартиби ҷойгиршавии онҳо хеле ба ҳамдигар шабоҳат доранд, оро ёфта буданд.

Маросими истиқболи расмӣ тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ дар назди қасри Президенти Маҷористон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷараён гирифт.

Пал Шмитт изҳор дошт, ки Маҷористон ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба манзури нақши муҳими он дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор аст. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, Маҷористон омода аст ба рушди иқтисоди Тоҷикистон аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои муштараки судманд ва ҳам таҳкими амну субот ва некуаҳволии мардуми он мусоидати фаъол намояд.

Миёни Тоҷикистону Маҷористон 5 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Эъломияи муштарак оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати манбаъҳои миллии Маҷористон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Маҷористон ва Созишномаи  ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Маҷористон, ба имзо расид.

Рӯзҳои 14 ва 15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона қарор дошт.

Дар ин ҳамоиш натиҷаҳои фаъолияти 10 – солаи ин созмони бонуфузи минтақавӣ ва нақшаҳои ояндаи ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби он, аз ҷумла масоили вобаста ба амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангӣ  баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ мавқеи Тоҷикистонро доир ба мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ мушаххас намуда, ба фаъолияти даҳсолаи Созмони ҳамкории Шанхай, ба хусус дар сатҳи олии байнидавлатӣ баҳои баланд дод ва ҳамзамон таъкид дошт, ки минбаъд бояд ҳамгироии сохторҳои поёнӣ низ тақвият ёбад.

Дар охири ҷаласа созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, Эъломияи Остона оид ба 10-солагии Созмони ҳамкории Шанхай,  қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ барои солҳои 2011-2016 ва барномаи иҷрои он, Тафоҳумномаи намунавӣ оид ба уҳдадориҳои давлати аризадиҳанда барои шомил шудан ба узвияти СҲШ ва чанд санади дигар ба имзо расид. 

Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти  Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ноиби президенти агентии Япония оид ба ҳамкории  байналмилалӣ «Ҷайка» Киёши Кодера мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ху Ҷинтао омодагии устувори кишварашро ба дастгирии рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2011 барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дар баробари дигар тадбирҳои судбахш, 120 миллион юан кӯмаки бебозгашт ҷудо мекунад.

Ҷониби Чин, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли 2012 ба муносибати 20 – солагии барпошавии муносибатҳои  дипломатӣ бо Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди идона дар ҳарду кишвар ба роҳ монда шаванд.

Хотиррасон гардид, ки ҳоло беш аз 50 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд ва мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар зарфи 5 соли охир 14 баробар афзоиш ёфтааст.

Рӯзҳои 24 ва 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.

Дар Конфронси байналмилалии «Ҷаҳон бидуни терроризм» ҳамчунин роҳбарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Ироқ, Судон ва  намояндагони воломақом аз як қатор кишварҳои дигар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ширкат намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи муборизаи пайваста бо терроризму ифротгароӣ ва носозгорӣ бо ин зуҳуроти манфур бори дигар таъкид намуд.

Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм дар шаҳри Теҳрон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқоти судманд анҷом дода, ҳамчунин бо  иштирокдорони воломақом аз дигар кишварҳою созмонҳо мубодилаи афкор намуд.

12 ва 13 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар пойтахти Қазоқистон  шаҳри Остона дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок дошт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳо изҳори боварӣ карданд, ки тавофуқоти ҳосилшуда заминаи хубе мешавад барои қабули қарорҳои судбахш дар ҳамоиши навбатии онҳо  ва умуман барои беҳсозии ҳамоҳангии фаъолияти муштарак  дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти иттилоотӣ.

Рӯзҳои 13 ва 14 – уми декабр Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон қарор дошт, ки бо пазироии самимии мизбонон ва ҳусни таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти ҳарду кишвар ба рушди ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш сурат гирифт.

Аҳамияти хосаи ин сафар ва натиҷаҳои пурарзиши он, аз ҷумла аз ҷониби расонаҳои хабарию таҳлилии бешумор ва коршиносони умури минтақавию ҷаҳонӣ таъкид гардид.

Дар ҷараёни сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон Кристиан Вулф, Канслери федералии Олмон хонум Ангела Меркел, роҳбарияти Парлумон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқотҳо анҷом дод.

Имзои 3 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, энергетика ва саноат ва геология, форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, шиносоии наздики Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкатҳои олмонии дорои нуфузи ҷаҳонӣ, ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва мулоқоти Сарвари давлат бо тоҷикону ҳамватанони муқими ин кишвар аз натиҷаҳои пурарзиши ин сафар мебошанд.

Аз мулоқоту суҳбатҳои самимӣ бармеояд, ки ҷониби Олмон, бо назардошти мавқеи стратегии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ, сарҳади тӯлонии он бо Афғонистон ва имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкории иқтисодӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳкорӣ, омода аст, робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳамгироии амниятии худро бо кишвари мо густариш диҳад.

Рӯзҳои 15 ва 16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Украина қарор дошт, ки бо самимияти баланди ду ҷониб ҷараён гирифта, бо натиҷаҳои пурарзиш ба поён расид.

Ба имзо расидани 7 санади нави ҳамкорӣ аз тасмимоти ҷиддии ду ҷониб ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ гувоҳӣ медиҳад.

Санадҳои имзошуда рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои  ҳифзи техникии иттилоот, алоқаи ҳукуматӣ, иқтисод, тиҷорат, илму техника, фарҳанг, суди конститутсионӣ ва варзишро дар бар мегиранд.

Зимни мулоқоти расмии сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Украина Виктор Янукович ба ҳамдигар мукофотҳои олии давлатӣ тақдим намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Украина - орден «Барои хизматҳо» дараҷаи 1 ва Президенти Украина Виктор Янукович бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон - ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, қабл аз ҳама гидроэнергетика ҳамоно аз самтҳои афзалиятдори ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид, зеро 90% дастгоҳҳои техникии нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон дар Украина сохта шудаанд.

Ҳарду ҷониб ба ҷалби сармоягузорони Украина ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла доир ба истеҳсоли трактору дигар мошинолоти кишоварзӣ, таҷҳизоти гуногуни барқӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карданд.

 Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Днепропетровски Украина, шиносоии ӯ бо кори корхонаи мошинсозии Южмаш Бюрои конструктории Южное, Корпоратсияи «Агросоюз» ва Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина басо пурсамар буд.

Зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии доктори ин донишгоҳ  ва медали тиллоии академик Терпигорев сарфароз гардонда шуд.

Дар толори маҷлисии ҳамин донишгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик ва дигар тоҷикону тоҷикистониёни муқими Украина  мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои сершумори онҳо посух дод.

Чунонки аён гардид, донишҷӯён аксаран бо ҳисси баланди ифтихори миллию ватандӯстӣ ва масъулияти волои ватандорӣ баҳри омӯзиши илму техникаи муосир, технологияҳои пешқадам ва забонҳои хориҷӣ камар мустаҳкам бастаанд.

Рӯзҳои 19 ва 20 – уми декабр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҷараён доштанд, иштирок намуд.

Дар ҳошияи ин ҳамоишҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев мулоқот намуда, доир ба таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар гуфтугӯйи судманд анҷом дод.

Тасмимгириҳои ҷиддӣ доир ба роҳҳои густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалии кишвар, ҳамчунин зимни сафарҳои роҳбарон ва намояндагони воломақоми давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ дар Тоҷикистон зиёд буд.

Зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон, ки 2 сентябр сурат гирифт, шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии ду кишвар бори дигар таъкид гардид.  

Зимни мулоқоту музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: - «ҳамкорӣ бо Русия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми махсус дорад ва кишвари мо ба рушди минбаъдаи ҳамгироӣ бо он таваҷҷуҳи афзалиятнок зоҳир менамояд».

Дмитрий Медведев дар навбати худ мулоқотҳои пайвастаи сатҳи олии сиёсии ду кишварро омили рушди муносиботи дуҷониба номида, аз 12% дар соли 2010 афзудани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот изҳори қаноатмандӣ намуд. Бо қаноатмандӣ, ҳамчунин таъкид гардид, ки ин тамоюли наку имсол низ идома дорад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло беш аз 160 корхонаи муштарак бо иштироки шарикон аз Русия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла гидроэнергетика, геология, сохтмон, саноати коркарди чӯб, дорусозӣ, ресандагӣ ва ғайра фаъолияти босамар доранд. Иттилоъ дода шуд, ки дар соли гузашта ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим аз Русия ба Тоҷикистон ба 110 миллион доллари амрикоӣ расид.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, ҳамчунин бо минтақаҳои гуногуни Русия беш аз 75 созишномаи муҳими ҳамкорӣ ба имзо расондааст.  
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироии минбаъдаи миёни сохторҳои низомӣ, марзбонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия, робитаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.

Миёни ду давлат чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия барои солҳои 2011-2014, Протоколҳо оид ба ҳамкории сарҳадӣ миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия, Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории сарҳадӣ ва Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Президенти Федератсияи Русия.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки то охири соли 2011 бояд пешниҳодҳо барои бардоштани боҷи содиротии маводи нафтии Русия барои Тоҷикистон ва дар семоҳаи аввали соли 2012 созишномаи байнидавлатӣ барои ба муҳлати 49 соли оянда тамдид кардани муҳлати будубоши Пойгоҳи ҳарбии 201- уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон омода карда шавад.

Ғайр аз ин рӯзҳои аввали моҳи сентябри соли 2011 шаҳри Душанбе макони баргузории ду ҳамоиши муҳими минтақавӣ - мулоқоти сеюми сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» ва ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва  ҳамчунин ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гардид.

Рӯзи 2 сентябр барои иштирок дар мулоқоти сеюми сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе роҳбарони давлатҳои ин бастаи минтақавӣ Афғонистон - Ҳомид Карзай, Покистон - Осиф Алӣ Зардорӣ, Русия - Дмитрий Медедев ва Тоҷикистон - Эмомлаӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба ҳам омаданд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории минтақавии чор давлат дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Федератсияи Русия метавонанд дар ин бастаи чоргона ҳамкории босамари амниятӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва иқтисодию тиҷоратии ба манфиати кулли кишварҳои минтақа равонагашта дошта бошанд.

Аз фаъолияти гурӯҳи кории чоргона оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва корҳои идомадошта доир ба таҳияи нақшаи мушаххаси тадбирҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карда шуд

Иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ доир ба бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва ба ин восита мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии мардуми Афғонистон низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ Эъломияи муштарак аз натоиҷи мулоқоти сеюми Чоргона ба имзо расид.

Зимни нишасти матбуотӣ сарони  давлатҳо аз натиҷаҳои мулоқоти навбатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии кишварҳои худро ба идома ва густариши ҳамкорӣ дар ин баста таъкид намуданд.

Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев бори дигар ҳавасмандии кишвари худро ба иштирок дар татбиқи амалии лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ, аз ҷумла лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати барқии КАСА-1000, ки барои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон  ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст, таъкид намуд.

Масоили ҳамкории минтақавии Тоҷикистон дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ низ баррасӣ шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлатҳои Афғонистону Покистон   Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ, ҳамчунин мулоқотҳои судбахши дуҷониба анҷом дод.

Дар вохӯрӣ бо Ҳомид Карзай, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи 5 соли охир ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон ба туфайли ифтитоҳи пулҳои мошингарди пайвандсози ду кишвари дӯст 20 баробар афзоиш ёфт. Дар ин росто зарурати пурра ба истифода додани хатти интиқоли барқи Сангтӯда - Қундуз – Пулихумрӣ ва фаъол намудани гузаргоҳҳои иловагии сарҳадӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла гузаргоҳҳои Кокул - Ойхонум ва Калдор - Айваҷ таъкид гардид.

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Зимни суҳбат бо Осиф Алӣ Зардорӣ аз рушди босуботу босуръати ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ки солҳои ахир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ  карда шуд.

Барои густариши минбаъдаи  равобити судманд, рушди тиҷорати дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби васеи соҳибкорон ва муҳайё намудани фазои мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ ба онҳо фаъолияти бештару босамари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва тавсиаи заминаи қарордодию ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд.

Баъди анҷоми мулоқот сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ба шаҳраки дипломатии шаҳри Душанбе ташриф оварда, якҷоя бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

3 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Барои ширкат дар ин ҷаласа ба Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Молдова Мариан Лупу, Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Украина Виктор Янукович, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қиризистон Роза Отунбоева ва Сарвазирони Беларус, Озарбойҷон ва Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар ҷаласа, ки  таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, беш аз 10 масъалаи муҳим, аз ҷумла маърӯзаи таҳлилии  «Натиҷаҳои фаъолияти 20 - солаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вазифаҳои он барои дурнамо», Барномаи ҳамкорӣ доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012-2014,  Нақшаи чорабиниҳои асосӣ доир ба татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Украина Виктор Янукович, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.

Рӯзи 4 сентябр ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ташриф овард.

Зимни мулоқоту музокироти расмӣ, ки дар Қасри Миллат баргузор гардид, сарони ҳарду давлати ҳамзабон ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи бар шарикии табиии стратегӣ асосёфта таъкид намуданд.

Миёни Тоҷикистону Эрон се санади нави ҳамкорӣ -
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон,
Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ миёни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид.

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба мавзеи сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 ташриф оварда, чархаи якуми онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кор даромадани навбати якуми нерӯгоҳро туҳфаи пурарзиши роҳбарият ва мардуми Эрон ба мардуми Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили солгарди 20 - уми истиқлоли давлатии кишвари азизи мо арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки дар ояндаи наздик бародарони эронӣ ба бунёди нерӯгоҳи обии Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон шуруъ намуда, иштироки худро дар татбиқи дигар лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон вусъат медиҳанд.

Маҳмуди Аҳмадинажод андешаҳои Эмомалӣ Раҳмонро таъйид намуда, аз ҷумла изҳор дошт: -«пешрафту шукуфоӣ, иззату эҳтиром ва амнияту суботи Тоҷикистонро мо пешрафту шукуфоӣ, иззату эҳтиром ва амнияту суботи Эрон мешуморем».

Изҳори боварӣ карда шуд, ки нерӯгоҳи Сангтӯда-2 то охири соли равон пурра ба кор даромада, дар таъмини кифояти нерӯи барқ ба мардумиТоҷикистон саҳми намоён мегузорад. Зикр гардид, ки бо пурра фаъол гардидани ин нерӯгоҳ истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 миллиард кВт/с афзун мешавад.

27 ва 28 октябр Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Зимни баррасиии масоили ҳамкории бисёрҷанба  Тоҷикистону Беларус ҳавасмандии устувори худро ба густариши робитаҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд.

Аз ҳамкории босамари Тоҷикистон, аз ҷумла бо корхонаҳои саноатии БелАЗ, МАЗ ва МТЗ – Беларус изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон корхонаи муштарак барои ҷамъу истеҳсоли тракторҳо ва мошинолоти кишоварзии сохти Белорус ва марказҳои минтақавии хизматрасонию фуруши онҳо, аз ҷумла ба кишварҳои дигари минтақа, ба фаъолияти босамар шуруъ менамоянд.

Ҳавасмандӣ, ҳамчунин ба густариши ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ таъкид гардид.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус;

Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар бораи ҳамкории дарозмуддат барои солҳои 2011-2020 ва Барномаи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2011-2020;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба фаъолияти муваққатии меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Беларус ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома дар бораи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус;

Сарони ду давлат мулоқоту музокироти дуҷонибаро пурсамар номида, ба дурнамои ҳамкории ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд.

Барои баррасии муфассал ва тасмимгириҳои муҳим Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон давоми 8 моҳи соли 2011 дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин як зумра намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои соҳибнуфузи минтақавию ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт. Аз ҷумла мулоқотҳо бо Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк, Намояндаи Махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва  Покистон  Марк Гроссман, Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтон, Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии (Парлумони) Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Лориҷони, Муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон, ҳайати Гурӯҳи дӯстии «Фаронса - Осиёи Марказӣ» - и Сенати Ҷумҳурии Фаронса, Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Ҷянҷу, Раиси амалкунандаи  Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо - Вазири корҳои хориҷии Литва Аудронюс Ажубалис, Гурӯҳи калони соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистон, Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс (16 сентябр) ҳайати бонуфузи  соҳибкорони Арабистони Саудӣ, ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо сарварии намояндаи воломақоми мақомоти марказии ин кишвар Чжоу Юнкан ташриф оварда буд, бо натиҷаҳои пурарзиш анҷом ёфтанд.

Зимни боздиди  ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе  се санади нави ҳамкорӣ -
Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ - техникӣ ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид.

Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ -техникӣ ба  Тоҷикистон дар ҳаҷми 120 миллион юан, ки тақрибан баробар ба 20 миллион доллари амрикоӣ аст, кӯмаки бебозгашти техникӣ расонда мешавад.

31 октябр ва 1 ноябр пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 дар Тоҷикистон қарор дошт.

Бо иштироки Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 дар пойтахти кишвар меҳмонхонаи 9 ошёнаи панҷситорадори Серенаи Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо харҷи беш аз 266 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Меҳмонхона  бо меъёрҳои навтарини ҷаҳонӣ сохта шуда, дорои 85 утоқи истиқоматӣ, аз ҷумла утоқҳои бузурги барҳаво барои қабули роҳбарони давлатҳо ва меҳмонони дигари воломақом мебошад.

25 август ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо -Пешвои асри 21 тақдим карда шуд.

Санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо -Пешвои асри 21 ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа тақдим карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин сарфарозиро нишонаи қадрдонии баланди ҷомеаи Аврупо аз заҳматҳои мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ арзи сипос намуд.

Дар маҷмӯъ маҳаки асосии сиёсати хориҷӣ ва ҳам дохилии давлати Тоҷикистонро расидан ба се ҳадафи стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории кишвар ташкил медиҳад.

Самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва роҳҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ беҳсозии фазои сиёсию ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни машваратҳои Сарвари давлат бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар  намудани фазои сармоягузорӣ, Шӯрои миллии рушд ва дигар иттиҳодияҳо, ки ба чанде аз онҳо, ҳамчунин намояндагони давлатҳою созмонҳои хориҷии мададрасони Тоҷикистон аъзо мебошанд, муайяну мушаххас мегарданд.

Бояд таъкид дошт, ки татбиқи амалии ин ҳадафҳо чи дар сатҳи умумидавлатӣ ва чи дар маҳалҳо таҳти таваҷҷуҳи доимӣ ва назорати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо ин мақсад давоми сол Сарвари давлат зимни 18 сафари дохилӣ аз 34 шаҳру ноҳияҳои кишвар дидан карда, бо вазъи зиндагии мардум аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.

Нахустин сафари дохилии Президенти кишвар 15 феврал дар мавзеи Гаровтии ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон ҷараён гирифт.

Барои мулоқот бо Президенти мамлакат дар ин ҷо раисони ҷамоатҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, кормандони масъули сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии соҳаҳои  кишоварзӣ ва  мелиоратсияву обрасонӣ, соҳибкорони фаъол, роҳбарияти бонкҳою созмонҳои қарздиҳанда  ва шумораи зиёди аҳолии деҳоти ҷамоати Гаровтӣ ҷамъ омада буданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳар як нафари барои иштирок дар ин мулоқот ҷамъомада дар мавзеи боғи навбунёд навниҳолҳо шинонда, ба бунёди он оғози дастаҷамъона бахшиданд.

Хотирасон бояд намуд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дӯстдорони қалбии табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ҳар ваҷаб хоки зархез ва обу ҳавои руҳнавози Ватани азизи худ буда, ҳар сол бо иштироки бевоситаю фаъолонаи худ ба мавсими нави ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав, барқарорсозии боғу токзори кӯҳна ва умуман корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза мебахшад.

  Ҳамин тариқ бо дастуру ҳидоятҳо, дастгирии моддию маънавӣ ва раҳнамоии Сарвари давлат ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони биҳиштосо, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  дар майдони ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бунёд ёфта, боғҳои кӯҳна барқарор мешаванд. Дар зарфи се соли оянда дар кишвар бояд дар майдони 50 ҳазор гектар боғу токзори нав будёд ёбад.

Мавриди зикри хос аст, ки тамоми ҷараёни корҳои ободонӣ бо иштирок ва ҳидояти бевоситаи олимону мутахассисони соҳа ва бо назардошти иқлим, обу хок ва шароити хоси ҳар як мавзею минтақаи кишвар ба роҳ монда мешавад.

 Чунонки маълум шуд, қисмати зитёди замини қаблан обии мавзеи Гаровтии ноҳияи Ҷиликул бо сабаби нарасидани барқ ва оби кишоварзӣ давоми 15-20 соли охир аз истифода дур монда буд.

 Он рӯзҳо бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои ӯ  ин мавзеъ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ  дубора обшору обод ва мавриди истифодаи васеи  кишоварзию саноатӣ  қарор гирифта, боиси шодию нишот ва сипосу қадрдонии аҳолии Гаровтӣ гардид.

  Тавре  иттилоъ дода шуд, дар давоми 2 сол дар ин ҷо 4,5 ҳазор га замин дубора мавриди обёрӣ ва баҳрабардорӣ қарор мегиранд ва барои беш аз 14 ҳазор кас ҷои корӣ муҳайё мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки барои бо қувваи корӣ таъмин намудани хоҷагиҳои ин мавзеъ дар ин ҷо бояд ба 2,5 ҳазор оила барои сохтмони манзили истиқоматӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шавад.

Тавре ки зикр гардид, соҳибкорони ватанӣ бо ҳидояти Сарвари давлат барои истифодаи пурсамар аз заминҳои нави ин мавзеъ, муҳайё намудани ҳазорҳо ҷои нави корӣ ва бо заҳмати фоидаовар таъмин кардани аҳолӣ камари ҳиммат мустаҳкам бастаанд ва барои ин техникаю мошинолоти зиёди кишоварзиро низ сафарбар намудаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз муроҷиату даъватҳои қаблии худ ёдовар шуда, деҳқонону мутахассисони соҳаро ба истифодаи пурсамар аз ҳар рӯзи офтобӣ ва ҳар ваҷаб замини корам, пеш аз ҳама заминҳои обӣ даъват намуд. Таъкид гардид, ки барои таъмини фаровонӣ ва арзонӣ дар бозори истеъмолии кишвар ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ бояд истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда зиёд карда шавад. Ба гуфти Савари давлат имкони ба маротиб зиёд кардани иқтидори содиротии вилоят ва умуман Тоҷикистон мавҷуд аст.

Тавре зикр гардид, соли 2011, асосан, соли натиҷагирӣ аз дастовардҳои 20 соли истиқлолияти давлатӣ буда, корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонии кишвар дар арафа ва рӯзҳои таҷлили солгарди 20 – уми ин неъмати бебаҳо ва ҳамчунин баъд аз он вусъати бесобиқа пайдо намуд.

Ин аст, ки дар соли 2011 садҳо иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва варзишию сайёҳӣ мавриди истифода қарор гирифта, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардид. Сохтмони садҳо иншооти дигар дар ин сол оғоз ёфт, ки дар онҳо боз ҳазорони дигар бо кору маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Қисмати аз иншооти навбунёд, аз ҷумла дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои умумидавлатӣ ва зимни сафарҳои дохилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба бунёди иншооти зиёди дигар оғоз бахшида шуд.

Фазои идонаи таҷлили солгарди 20 - уми истиқлоли Тоҷикистон тамоми сол, ба хусус дар рӯзҳои дигар ҷашну идҳо барало эҳсос мегардид, аз ҷумла дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи хуҷастапай.

Рӯзи 19 март дар арафаи таҷлили Наврӯзи оламафрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти чун ананаи накӯи наврузӣ бо намояндагони сершумори зиёни кишвар мулоқоти озоду ошкорои судбахш анҷом дод.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  аҳли илму фарҳанг ва маорифи кишварро «нерӯи ақлонӣ ва ҳомии забон, таърих ва адабу фарҳанги мо» арзёбӣ намуда, онҳоро ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги волои бостонӣ, истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдату ягонагии миллӣ, бунёдкорию созандагӣ ва ободгарии Ватани азиз ҳидоят намуд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи истеҳсолии ширкати Ёқут – 2000 як коргоҳи дӯхти либоси кӯдакона ва мактабӣ ба кор дароварда шуда, ба сохтмони ду коргоҳи дигар доир ба дӯхти пойафзол ва истеҳсоли мебел оғоз бахшида шуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, дар коргоҳи нави дӯзандагӣ 240 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст. Ҳамагӣ дар ин маҷмааи истеҳсолӣ он вақт 720 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекарданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ширкати Ёқут – 2000 бо Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ монда, тамоми сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо либосҳои махсуси хушсифат таъмин мекунад. Дар ин корхона намунаи ибратбахши шарикии идораҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ба назар мерасад, зеро ҳам маблағҳои буҷетӣ аз кишвар берун намеравад, ҳам дастгирии истҳсолкунандаи ватанӣ сурат мегирад, ҳам ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, аз ҳисоби андозсупорӣ даромад ба буҷети давлат афзун мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз коргоҳҳои истеҳсолии фаъолияткунандаи ин маҷмаа дидан намуда, дар саҳни ҳавлии он санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошт ва ба сохтмони ду коргоҳи дигар, ки яке барои истеҳсоли мебел ва дигаре барои дӯхти пойафзол пешбинӣ шудаанд, оғоз бахшид. Тавре зикр гардид, дар ду корхонаи нав, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ бунёд хоҳанд ёфт, барои 1000 нафари дигар ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.  

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки толори тарабхонаи Ёқут – 2000 низ ба як коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ табдил дода шавад. Пешниҳод пазируфта шуд.

Бегоҳии рӯзи 19 март  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе ба бунёди як маҷмааи бузурги варзишӣ, ки аз се қаср –умумиварзишӣ, теннис ва варзиши обӣ иборат хоҳад буд, оғоз бахшид.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи маҷмааи варзишӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки қасри умумиварзишӣ дар масоҳати 5,7 га доман паҳн карда, дорои 4 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд.  Қасри теннис бошад, дорои корти калон бо 3 ҳазор ҷойи нишаст дар атрофаш ва 8 корти хурд барои машқу тамрин мешавад. Қасри варзиши обӣ бо ду ҳавзи шиноварӣ - яке 25х52 метр ва дуввумӣ 25х30 метр пешбинӣ шуда, мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд хоҳад ёфт.

Тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай рӯзи 21 март бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Ипподроми пойтахт, ки он рӯз Наврӯзгоҳ номгузорӣ шуд, баргузор гардид.

Он рӯз тамоми кӯчаю хиёбонҳои пойтахт ва ҳама гӯшаю канори Тоҷикистони офтобӣ, ки барҳақ ватани Наврӯз аст, қабои идона ба бар дошт. Садои карнаю сурнай, таблу нағора, дафу чанг, чаҳ – чаҳи булбулу кабки хиромон, хандаю шодии гулдухтарон ва шодию нишоти кулли сокинони кишвар аз ҳар давору девор, ҳар кӯчаю паскӯча ба гӯш мерасид.

Дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт, ки Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ дар он қарор дорад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомати наврӯзӣ, шодию нишот, шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва созандагию бунёдкорӣ дар ватани азиз истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва корхонаҳои истеҳсолии кишвар, ки ҳама бо рамзу нишон ва ороишоти наврӯзӣ оро ёфта буданд, дидан карда, базму тараби идонаро бо аҳли завқу эҷод бо ҳам дид.

Месазад таъкид намуд, ки ин намоишгоҳ ба масофаи қариб 1,5 км аз чорроҳаи хиёбонҳои Исмоили Сомонию Ҳофизи Шерозӣ то ба даромадгоҳи наврӯзгоҳ тӯл кашида буд.

Сари ҳар қадам қатори дегҳои ҷӯшони хӯрокҳои лазизи наврӯзӣ, аз қабили суманак, хӯришҳои алафӣ аз гиёҳҳои шифобахш, оши бурида, оши палав ба чашм мерасид. Тамоми хӯроку шириниҳо, ки аз ҷониби сохторҳои Тоҷикматлубот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ва дигар шаҳру навоҳӣ омода гашта буд, ба мардум ройгон пешкаш гардид.

Аз фаровонии зару зевар, ороишоти ҷавоҳирӣ, асбобҳои гуногуни мусиқӣ, зарфҳои мухталиф ва сару либоси миллии занону духтарон, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ дар ин намоишгоҳ аён аст, ки сол ба сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми заҳматкаши кишвар иқтисодиёту иҷтимоиёт рушду нумӯъ ёфта, расму оини шуҳратманди ниёгонамон эҳё мегарданд, сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеа ва ҳисси ифтихору сарфарозии аҳолӣ аз давлатдории миллии тоҷикон боло меравад. 

Барномаи идонаи ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба он оғоз ёфт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, дар ин ҷашнгоҳи бошукӯҳ, ки баъд аз тармиму таҷдид симои нави идона гирифта буд, кулли мардуми Тоҷикистон, форсизабонони ҷаҳон ва мардумони ҳамаи кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзро бо ин иди фархунда табрику таҳният гуфт.

Сипас бори нахуст дар ин ҷашнгоҳ, ки баъди навсозӣ дорои 8 ҳазор ҷойи нишаст гашта буд, Наврӯзи хуҷастапай бо барномаи рангини театрикунондашудаи устодони санъату фарҳанги Тоҷикистон, бо инъикоси беҳтарин ҳунарҳои дилхушӣ, шодию нишоти наврӯзӣ, базми рақсу сурудҳои дилнавоз ва таҷассуми расму оини шӯҳратманди ниёгонамон истиқбол гирифта шуд.

Аз 24 то 26 март тантанаҳои наврӯзӣ ва ҳавасмандгардонии мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонии кишвар бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Қайроққум ва Мастчоҳи вилояти Суғд идома ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки зимни ин боздид ва сафари дуюми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки аз 2 то 6 август дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ҷараён гирифт, иншооти сершумори нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони даҳҳо иншооти дигар оғоз ёфт.

Дар рӯзҳои ин сафарҳо нахуст дар шаҳри Чкаловск бинои сеқабатаи  истиқоматии Гвардияи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, дар он 81 нафар афсарони ин сохтори низомӣ соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шуданд.

Зикр гардид, ки дар зарфи 5 соли охир бо дастгирии Президенти мамлакат 500 нафар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гаштаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои таъмини хизматчиёни ҳарбӣ ва ходимони давлатӣ бо манзили истиқоматии хизматӣ бояд идома дода шавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди бинои Маркази нави фарҳангӣ ва қасри варзишӣ, ки яке бо 2 ҳазор ва дувумӣ бо 3 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон пешбинӣ шудаанд, оғоз ёфт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки лоиҳаи маркази фарҳангиро аз нав такмил дода, дар он шароити заруриро барои гузаронидани чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд ба эътибор бигиранд.

Дар шаҳри Қайроққум корхонаи истеҳсоли шишаи сохтмонӣ ва зарфҳои шишагии ширкати Бародарони саховатманд ва як корхонаи муосири истеҳсоли орд бо номи Фаровон – 1 ба кор дароварда шуд.

Дар ҷараёни боздид аз корхонаи истеҳсоли шиша, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки корхона имкон дорад, дар як сол қариб 1,5 миллион метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ ва 25,2 миллион дона зарфи шишагӣ истеҳсол намояд. Дар ин корхона қариб 200 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.

 Дар корхонаи орди Фаровон – 1 бошад, ки аз ҷониби се соҳибкори ҷавон бунёд ёфтааст, 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштанд. Ин корхона бо харҷи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бо техникаю технологияи муосири дар бозори имрӯза рақобатпазир бунёд ёфта, дар як шабонарӯз метавонад то 100 тонна орд истеҳсол намояд.

Зимни боздид Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ҷавон ки кадрҳои ҷавони истиқлолияти Тоҷикистонанд арзи сипос намуда, ба онҳо дар корҳои минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд.

Дар шаҳри Қайроқум бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин   осоишгоҳи фарохи Баҳористон баъди тармиму навсозӣ ва таҷҳиз бо шароити замонавии истироҳату солимгардонӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, дар ин ҷо барои 200 нафар ҷойи корӣ ва барои 320 кас шароити табобату фароғат муҳайё гаштааст. Осоишгоҳи мазкур дар чор фасли сол фаъолият карда, дар мавсими баҳору тобистон метавонад то 500 нафар ниёзмандони амалиёти солимгардониро фаро бигирад.

Тавре табибони ҳозиқу мутахассисони табобатгоҳи осоишгоҳ иттилоъ доданд, дар ин ҷо беш аз 40 намуд табобатҳо ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла бо истифода аз техникаю технологияҳои замонавии электронӣ, таҷҳизоти ташхисию муолиҷавӣ ва истифода аз гиёҳҳо ва моддаҳои дигари шифобахши табиати биҳишосои Тоҷикистон.

Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди як боғи нави садгектара оғоз ёфта,  корхонаи ҷӯроббофии ширкати  Хуҷанд-Инвест-Коттон ба кор дароварда шуд.

Боғи навбунёди Зафаробод бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Баҳори Истиқлол номгузорӣ шуд.

Дастур дода шуд, ки шумораи тракторҳои кишоварзии ба ноҳияи Зафаробод аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда то охири соли 2011 ба 50 адад расонда шавад.

Зимни шиносоӣ бо корхонаи ҷӯроббофии ширкати  Хуҷанд-Инвест-Коттон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он бо харҷи қариб 12 миллион сомонӣ сохта ва бо техникаю таҷҳизоти навтарини сохти италявӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Корхона метавонад нахи пахтаро то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намуда, аз он ҷӯробҳои мардона ва кӯдакона истеҳсол кунад. Дар ин ҷо қариб 400 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши беш аз 1000 сомонӣ гаштаанд, ки бештари онҳо занону духтарон мебошанд.

Месазад ёдовар шуд, ки ин даври дуюми ба кор даромадани корхонаҳои ширкати  Хуҷанд-Инвест-Коттон доир ба коркарди нахи пахта аст. Соли 2009 аз ҷониби ин ширкат дар ҳамкорӣ бо ширкати Нику – насҷи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд як корхонаи ресандагӣ ба кор даромада буд. Ҷӯробҳои корхонаи ҷӯроббофии ноҳияи Зафаробод, асосан, аз риштаҳои ҳамон корхона бофта мешаванд.   

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки корхонаи ҷӯроббофии ноҳияи Зафаробод Наврӯз номгузорӣ шавад.

Дар рӯзҳои Наврӯзи 2011 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд корхонаи ресандагии ширкати Олими Каримзод ба кор дароварда шуд, ки аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ ва таҷҳизоти техникӣ, бузургтарин ва муосиртарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Зикр гардид, ки ин корхонаи бузург бо харҷи 130 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Аз он 32 миллион маблағҳои худи ширкати Олими Каримзод буда, боқӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ мебошад.

Он рӯз танҳо навбати аввали корхонаи бузурги нассоҷӣ ба кор даромад, ки дар он 400 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши аз 900 сомонӣ боло таъмин гардид. Корхона дар як сол метавонад то 7 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард намояд. Дар сурати ба кор даромадани корхонаҳои бофандагӣ, рангубор ва дӯхти либос, ки дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, шумораи коргарони ин маҷмааи нассоҷӣ ба 1400 нафар хоҳад расид. Навбати дуюми он, яъне корхонаи бофандагӣ бояд дар соли 2012 ба кор дарояд, ки дар он боз 400 нафари дигар соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, маҳсулоти хушсифати дар ин корхона истеҳсолшаванда дар бозори ҷаҳонӣ ва минтақавӣ рақобатпазир буда, дорои харидорони сершумор аст.

Роҳбарияти ширкати Олими Каримзод нақша дорад, ки мавзеи ҷойгиршавии ин корхонаро ба як шаҳраки саноатӣ ва ободу зебои истиқоматӣ табдил диҳанд. Дар атрофи маҷмааи нассоҷии ширкати Олими Каримзод барои коргаронаш биноҳои зиёди ҳозиразамони истиқоматӣ  бо инфрасохтори зарурии иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу беморхона, боғчаи кӯдакон ва ғайра бунёд хоҳанд ёфт.

Ширкати Олими Каримзод, ҳамчунин тасмим дорад, ки оянда натанҳо дар ноҳияи Мастчоҳ, балки дар пойтахт ва дигар гӯшаҳои кишвар низ иншооти истеҳсолию тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ бунёд намояд. 

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи саҳмгузорони ин амри бузурги созандагию бунёдкорӣ арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки ин маҷмааи нассоҷӣ дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин пурра ба кор даромада, нақши намоёни худро дар пешрафти саноат ва умуман иқтисоди кишвар мегузорад.

Тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзии вилояти Суғд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 март бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Садои карнаю сурнай, рақсу сурудҳои дилшинини мардумӣ аз ҳар гӯшаи ин боғи фарох, ки дар майдони беш аз 630 гектар доман паҳн кардааст, ба гӯш мерасид, зеро аҳли заҳмат ва ҳунармандони мардумии ҳар як шаҳру ноҳияи вилоят дар қитъаҳои гуногуни боғ барои худ базмгоҳи наврӯзӣ ороста, шодию дилхушӣ мекарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки ин наврӯзгоҳҳо, ки бо расму оин ва вижагиҳои хоси маҳалҳои гуногуни вилоят оро ёфта, ба мавзеъҳои дилнишини базму тараб табдил шуда буданд, дидан карда, бо аҳли заҳмату ҳунар ва мардуми соҳибзавқ сӯҳбату дилхушӣ намуд.

Наврӯзгоҳи асосии вилоятӣ дар саҳни ҳавлии чойхонаи боҳашамати Боғи миллии Ваҳдат ороста шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сокинони меҳмоннавози вилояти бостонии Суғд ва кулли кишварро бори дигар бо гиромитарин ва муқаддастарин ҷашни миллати куҳанбунёдамон - Наврӯзи ҷамшедӣ ва Соли нави аҷдодӣ  аз самими қалб табрику таҳният гуфт.

Тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ бо барномаи ҳунарии рақсу суруд, намоишҳои театрикунондашудаи устодони санъату ҳаваскорони ҷавон ва базми тарабу шодӣ идома ёфт.

Сафари дуюми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз мавзеи Яғноби ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.

Месазад зикр намуд, ки ин нахустин боздиди Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аз ин мавзеи баландкӯҳи таърихӣ ва дорои табиати зебою дилфиреби Тоҷикистон буд. 

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо мардуми деҳоти кӯҳистони мавзеи Яғноб мулоқоти озоду ошкоро доир намуда, ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои саҳлу сабук намудани рӯзгори ояндаи онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дастур дод, ки барои пурра ба анҷом расондани сохтмони 25 км роҳи боқимондаи мошингард миёни деҳоти Яғноб лоиҳа омода ва пешниҳод карда шавад ва таъкид дошт, ки ин кор аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ хоҳад шуд.

Мардуми кӯҳистони Яғноб ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини онҳо бо батареяҳои офтобии барқӣ, ки дар арафаи ин сафар дастрас гардиданд ва дигар ғамхориҳои доимӣ арзи хушнудию сипос карданд.

Дар маркази шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон як ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дарозию паҳноияш 25x10 метр буда, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст ва дар он 25 кас бо кор таъмин гардидаанд.

Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин як корхонаи нави заршӯӣ дар назди корхонаи муштараки Зарафшон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 140 нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, то охири соли 2011 шумораи коргарону мутахассисон танҳо дар ҳамин корхона ба 300 кас ва дар корхонаи муштараки Зарафшон ба зиёда аз 2000 нафар хоҳад расид.

Корхонаи нави заршӯӣ бо иқтидори ибтидоияш дар як шабонарӯз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металҳои қиматбаҳоро ҷудо кунад.

Тибқи нақшаҳои мавҷуда то охири соли 2011 дар ин ҷо, ҳамчунин як корхонаи афинажӣ ба кор дароварда мешавад, ки ин дастоварди бузурги технологӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Тавре зикр гардид, ҳаҷми истеҳсоли тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон то соли 2013 ба 5 тонна дар як сол ва маблағи фурӯши он ба 200 миллион доллари амрикоӣ баробар хоҳад шуд.

  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Панҷакенти бостонӣ иттилоъ дод, ки доир ба лоҳакашӣ ва ҷалби сармоя барои тармиму навсозии роҳи 114 километраи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, корҳо оғоз ёфтаанд.

Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Сарвари давлат, пеш аз ҳама як коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот дар ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  Оби Зулол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он бо вуҷуди технологияҳои автоматӣ 40 нафар соҳиби кор шудаанд.

Хатти нави технологии корхонаи Оби Зулол, ки бо таҷҳизоти навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гаштааст, имкон дорад дар як мавсим 25 ҳазор тонна меваю сабзавотро коркард намуда, аз он афшураҳои хушлаззат истеҳсол намояд. Дар ин коргоҳ тамоми намудҳои меваю сабзавот ва тарбӯзу харбӯза коркард мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз ин ва дигар корхонаҳои саноатии коркарди меваю сабзавот ба хориҷи кишвар на маҳсулоти нимтайёр, балки танҳо маҳсулоти тайёри ниҳоӣ содир карда шавад.

Дар маркази шаҳри Истаравшан бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи иншооти варзишии Далерон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби ширкати хусусии Дурдона дар майдони 2 га бунёд ёфтааст.

Толори марказии маҷмаа, ки дарозию паҳноияш 42 х 30 м мебошад, бо зиёда аз 1000 ҷойи нишаст барои тамошобинон ҷавобгӯ ба меъёрҳои хуби байналмилалӣ аст.

Маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин дорои корти муосири теннис бо 700 ҷойи нишаст барои тамошобинон, майдончаи футболи наврасон бо 600 ҷойи нишаст ва иншооти фароғатӣ ва ёрирасон мебошад.

Дар навбати дуюми бунёди маҷмаа дар ин ҷо, ҳамчунин толори тамрини муҳорибаҳои тан ба тан бо андозаи 18х30м, толори шиноварӣ бо ҳавзи андозаи 12,5 х 25м ё 30м сохта хоҳад шуд.

Бунёди ин маҷмааи варзишӣ дар партави сиёсати ободкориву созандагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шӯҳрат Қутбиддинов анҷом ёфтааст. Ин соҳибкори маҳаллӣ зимни муулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 2010 ваъда дода буд, ки то солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон як маҷмааи бошукӯҳи варзишӣ дар шаҳри Истаравшан бунёд менамояд. Он рӯз ваъдаи ин соҳибкори баору номус иҷро шуд.

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бахшида ба 20 – умин солгарди базму тараби бошукӯҳи идона баргузор гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сершумори ҷамъомада, ки аксаран наврасону ҷавонон буданд, мужда расонд, ки дар зарфи як соли оянда варзишгоҳи марказӣ тармиму навсозӣ шуда, дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад шуд.

Дар шаҳри Исфара Сарвари давлат аз  корхонаи навбунёди муштараки Тоҷикистону Русия - Баракат, ки самти асосии фаъолияташ коркарду бастабандии меваи хушк мебошад, дидан кард.

Тавре зикр гардид, корхона аз ду хатти технологӣ иборат буда, вобаста ба таъмини ашёи хом, дар як соат метавонад аз 300 то 700 кг меваи хушкро дар бастаҳои гуногуни дилхоҳи мизоҷон бастабандӣ кунад.

Чунонки зикр гардид, ин панҷумин корхонаи хурди коркарди меваи хушк дар шаҳри Исфара мебошад ва дар он зиёда аз 110 нафар коргарон ва мутахассисон соҳиби ҷойи кор шудаанд.

Бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Исфара, ҳамчунин як бинои 4 – ошёнаи маркази савдо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки  дар он 100 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.

Танҳо дар сехи дӯзандагии он 40 нафар занону духтарони шаҳри Исфара бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Дар ин ҷо, ҳамчунин миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони исфарагии муқими Русия  сӯҳбати ҷолиб сурат гирифт. Тавре зикр гардид, қисмати онҳо дар минтақаҳои гуногуни Русия корхонаҳои хурди саноатӣ низ бунёд намудаанд, аз ҷумла доир ба коркарди меваи хушк ва дигар маҳсулоти хоми Тоҷикистон. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо маслиҳат дод, ки чунин корхонаҳоро дар ватани худ ҳам бунёд намоянд.  Ба иттилои онҳо, чунин нақшаҳо мавҷуданд ва дар ояндаи наздик як қатор корхонаҳои хурди саноатӣ дар ин ҷо бунёд хоҳанд ёфт.

Дар ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як муассисаи нави истироҳатӣ ва солимгардониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки  онн дар зарфи қариб 4 соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, барои истироҳату фароғат ва машқу тамринҳои таълимию варзишии мактаббачагони хушлаёқат аз тамоми гӯшаҳои кишвар пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур дорои бинои маъмурият, 6 бинои хобгоҳ бо 240 кати хоб, утоқҳои табобатӣ, ошхона, толори намоиши кино, амфитеатр, ҳавзҳои муҷаҳҳазу ҳозирзамони шиноварӣ, корти теннис, майдонҳои варзишӣ, аз ҷумла барои футбол, волейбол, баскетбол, пайконзанӣ, муҳорибаҳои тан ба тан ва майдончаҳои бозиҳои гуногун барои хурдсолон мебошад.

Тамоми толору майдонҳои варзишӣ бо шароити мувофиқ ба талаботи машқу тамрини варзишгарони касбӣ муҷаҳҳаз гаштаанд. Аз ҷумла ҳавзи болопӯшидаи даруни толор, ки обаш гарм карда мешавад ва ҳам ҳавзи тобистонаи воқеъ дар майдони варзишӣ ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда сохтмони марҳилаи дуюми биноҳои истироҳатгоҳро оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки минбаъд дар ин ҷо барои истироҳат ва машқу тамринҳои таълимию варзишии 1000 нафар дар як баст шароит муҳайё хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Сарвари давлат Маркази истироҳатии кӯдаконаи Манижа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Турсуной Зокирова бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Дар ин марказ зиёда аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд ва музди меҳнаташон аз 500 то 1000 сомониро ташкил медиҳад.

Танҳо дар сехи дӯзандагии марказ 30 нафар занону духтарон бо кор таъмин гардидаанд.

Марказ метавонад дар як баст то 300 нафар кӯдаконро қабул намуда, бо истироҳату фароғат ва дилхушӣ фаро бигирад. Ифтитоҳи ин маркази зебою дилкаш боиси хушнудию сипоси кӯдакону волидони онҳо ва сокинону меҳмонони шаҳри Қайроққум гардид.

Тавре зикр гардид, ин танҳо яке аз иншооти ҷашнии ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёдёфта дар шаҳри Қайроққум буд. Ба иттилои роҳбарияти шаҳр дар арафаи ин ҷашни пурифтихори Тоҷикистони азизу маҳбуб 53 иншшоти наву замонавӣ,  аз  ҷумла 4 корхонаи саноатӣ, як варзишгоҳи калон, 5 толори варзишӣ, 1 гимназия, 3 боғчаи кӯдакона, 8 майдончаи варзишии кӯдакона, 3 чоҳи амудии обкашӣ ва ғайра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 2 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Кохи боҳашамати 13 ошёнаи матбуот ва маҷмааи варзиши обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, пайкараи бошукӯҳи асосгузори давлати бузурги тоҷикон Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт.

Тавре зикр гардид, бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои 3000 нафар толибилмон пешбинӣ шуда, дар он факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, бизнесу идораи иноватсионӣ ва молия ва қарз ҷойгир шудаанд.

Бинои мазкур бо харҷи 8,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 2 толор, 98 синфхона, аз ҷумла 7 синфхонаи компютерӣ, лингофонӣ, синфхонаҳои махсус ва лабораторияҳои фаннӣ мебошад.

Дар Кохи боҳашамати 13 ошёнаи матбуот бошад, идораҳои рӯзномаю маҷалла ва дигар воситаҳои ахбори умум ҷойгир шуданд.

Ин бинои зебою замонавӣ, ки бо харҷи зиёда аз  20 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дорои 200 утоқи муҷаҳҳази корӣ, 3 толори маҷлисӣ бо 25, 75 ва 200 ҷойи нишаст, 100 компютери бо интернети баландсуръат пайвастшуда ва дигар шароити зарурии муосир мебошад, ба шаҳри Хуҷанд ҳусну намои тоза зам намуд.

Маҷмааи варзиши обӣ аз 3 ҳавзи болопӯшида иборат буда, дарозию паҳноии ҳавзи калонаш 50х21 аст ва ду ҳавзи хурдаш барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шудаанд. Дар қабати дуюми ду паҳлуи толори калони ҳавзи шиноварӣ барои 1000 нафар тамошобинон ҷойҳои нишаст омода гаштаанд. Шароити дар ин ҷо муҳайёгашта барои гузарондани бисёр намуди мусобиқаҳои варзиши шиноварӣ дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқ аст.

Пайкараи асосгузори давлати бузурги тоҷикон Исмоили Сомонӣ, ки дар соҳили рости Сирдарё ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, аз ороишоти бошукӯҳу пурифтихори Хуҷандшаҳри бостонӣ гардидааст. 

Ин пайкараи зебо бо ороишоти атрофи он офаридаи ҳайкалтарош ва гудозгари бадеӣ Мансур Ҳоҷибоев буда, аз металли ранга сохта шудааст. Баландии худи пайкара 13 метр ва бо таҳкурсиаш 27 метр мебошад.

Маълумоти деворнигораҳои ду паҳлӯи зинапояҳо ва 4 паҳлӯи таҳкурсии пайкара аз ташкилёбӣ ва таърихи давлати Сомониён мухтасар ҳикоят мекунанд.

Дар атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ 5 фаввораи гуногун бо ҳамсадоии мусиқии форам кор мекунанд.

 Чароғҳои рангоранги  рӯшноидиҳанда, зинапояҳои зебо ва гулу сабзазор аз ҷумлаи ороишоти атрофи пайкара мебошанд.

Дар майдони назди пайкараи навбунёди Исмоили Сомонӣ, ки ба мавзеи зебою дилкаши сайру тамошо табдил ёфтааст, ба истиқболи 20 – умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи ин макони ифтихорафзо базму тараби бошукӯҳи идона ороста шуд.

14 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Норак бо рафти сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Данғара бо нақби Чормағзак ва роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа аз наздик шинос шуд.

Зимни боздид таъкид гардид, ки навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Данғара қисмати якуми бунёду навсозии роҳи Душанбе – Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Хорӯғ - Кулма – Қароқурум буда, барои аз бунбасти нақлиётӣ раҳо намудани Тоҷикистон ва пайвастани он бо роҳҳои баҳрӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар км 25 роҳ пули 127 метраи болои дарёи Элокро, ки бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа, аз ҷумла зикр гардид, ки аз оғози кор, яъне рӯзҳои ҷашни Наврӯзи соли 2009 ба маблағи 58 миллион сомонӣ корҳои сохтмону тармим анҷом ёфтаанд.

 Дар ин муддат бо харҷи маблағҳои мазкур 4,2 км роҳи оҳани нав сохта шуда, 9,8 км роҳи мавҷуда тармим гардид ва ҳамчунин техникаи нав ва масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ карда шуд. Дар масофаи 10 км дигар корҳои заминӣ доир ба буридани талу теппаҳо, тахту ҳамвор кардани роҳ ва омодагӣ ба хобондани роҳи оҳан ба анҷом расидааст. Барои таъмини суръату сифати баланди сохтмон кор дар се баст ба таври шаборӯзӣ ба роҳ идома дошт. Ба ин кор 44 адад техника ва 130 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ сафарбар гаштаанд.

Тавре зикр гардид, бо сохта  ба истифода додани он масофаи миёни пойтахти кишвар ва шаҳри Қурғонтеппа аз тариқи роҳи оҳан қариб 4 баробар кам шуда, ҳамагӣ 125 километрро ташкил хоҳад дод. Бо ишора ба аҳамияти стратегии ин иншоот, ҳамчунин таъкид гардид, ки роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа оянда қитъае аз роҳи оҳани минтақавии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрону Покистон хоҳад буд.

Дар мавзеи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти бунёду навсозии боғу токзори Ёқут боғбунёд аз наздик шинос шуд.

Тавре зикр гардид, дар 738 – гектар замини минтақаи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат аз ҷониби ширкати Ёқут-боғбунёд бояд боғу токзор барқарору бунёд карда шавад. Мӯҳлат барои анҷоми ин кор 15 марти соли 2010 аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду сол муайян гашта буд. Дар давоми як сол дар майдони 80 гектар боғу токзори нав бунёд ёфта, барои барқарорсозӣ ва нигоҳубини боғоти мавҷуда тадбирҳо андешида шудаанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ин мавзеъ 220 нафар аз аҳолии деҳоти атроф, беш аз ҳама занону духтарон бо кори мавсимӣ таъмин гаштаанд.

Роҳбари ширкати Ёқут - 2000 бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадорӣ гирифт, ки  барои занону духтарони деҳоти атроф як корхонаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ ва як коргоҳи коркарди мева бунёд намуда, ба яке аз деҳаҳои ин ҷо, ки аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашад, аз масофаи 500 метр об барорад.

Зимни ин сафари корӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо рафти корҳо дар бунёди нақби мошингарди Чормағзак, ки ҷузъе аз шоҳроҳи Душанбе – Данғара – Кӯлоб - Қалъаи Хумб – Хорӯғ – Кулма - Қароқурум аст,  аз наздик шинос шуд.

Ба бунёду навсозии роҳи Душанбе-Данғара бо нақби Чормағзак 310 мошину механизми махсуси сохтмонӣ ва 650 нафар мутахассису коргарон сафарбар шудаанд. 300 нафари роҳсозону нақбканон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар ҷараёни корҳои зиёди созандагию бунёдкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи ғанӣ касб намудаанд.

Зимни сӯҳбатҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки корҳо бо сифату суръати баланд анҷом дода шаванд.

Дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби боҳашамати дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 1240 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

 Ифтитоҳи ин мактаб боиси хушнудию сипосгузорӣ ва қадрдонии мардуми деҳоти атроф шуд, зеро то ин вақт мактаббачагони ин мавзеъ дар шароити номувофиқи таълимӣ таҳсил мекарданд.

Ба иттилои масъулин, мактаб дар зарфи ду сол бо харҷи беш аз 10 миллиону 200 ҳазор сомонӣ бо сифати баланд сохта ва бо асбобу ашё ва таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Дар маркази ноҳияи Файзобод бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи ноҳиявӣ ва як чойхонаи миллӣ ифтитоҳ ёфт.

Зимни боздид аз осорхонаи ноҳиявӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо осори таърихии шаҳри бостонии Вашгирд ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шуд.

Чойхонаи миллӣ бошад, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наврӯз Бобиев бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, толори асосии он дар ошёнаи дуюм дорои 130 ҷойи нишаст мебошад.

Ба роҳбарияти ноҳия дастур дода шуд, ки бо ҷалби соҳибкорони баору номуси маҳаллӣ то Наврӯзи соли 2012 як корхонаи дӯзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ бунёд намуда, барои боз ҳам зиёд намудани ҷойҳои корӣ ба мардум тадбирҳои судманди дигар низ амалӣ намоянд.

Соҳибкори маҳаллӣ Акбар Ҳакимов бо ҳидояти Сарвари давлат уҳдадорӣ гирифт, ки дар ноҳияи Файзобод як корхонаи бузурги ресандагӣ ва як мағозаи фурӯши тухму гӯшти мурғ ифтитоҳ менамояд.

Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаҳои мавҷуда ва иҷрои дархостҳои мардум то охири соли 2011 татбиқи лоиҳаи расондани оби нӯшокӣ ва тармиму навсозии беморхонаи марказӣ ба поён мерасад ва барои барқарор намудани 40 чоҳи амудии обкашӣ лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия ва қабул хоҳад шуд.

Дар деҳаи Галаботури ҷамоати деҳоти Навободи  шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон як мактаби нави боҳашамати таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо харҷи 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ бунёд ёфта, бо се бинои дуошёна барои 1250 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми деҳаро бо ифтитоҳи ин мактаби беҳамто дар шаҳри Турсунзода табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки бо назардошти афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ ҳар сол дар кишвар ба ҳисоби миёна беш аз 100 мактаби нав сохта, ба истифода дода мешавад.

Дар корхонаи «Сомон - туронинвест», ки дар деҳаи Коммунаи                                             ҷамоати деҳоти 1- майи шаҳри Турсунзода қарор дорад, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои нави истеҳсоли макарон, орд, ширинию қаннодӣ ва қуттиҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, дар ин корхона 150 нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шудаанд.

Коргоҳи ордбарорӣ  бо таҷзиҳоти технологии сохти Туркия муҷаҳҳаз шуда, дар як шабонарӯз метавонад 100 тонна гандумро коркард намояд. Орди ин коргоҳ ҳам дар истеҳсоли 12 намуд макарон ва ширинию қаннодии ҳамин корхона истифода мешавад ва ҳам ба бозор пешниҳод мегардад.

Дар маҳаллаи 4 шаҳри Турсунзода Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои як маркази хусусии саломатӣ ва ташхисиро ифтитоҳ намуда, ба бунёдгозори он номзад ва доктори илмҳои тиб Раҳимҷон Раҳматуллоев барои ин иқдоми накӯяш арзи сипос намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин бинои сеошёна бо ҷалби сармояи ватанӣ бунёд ёфта, дорои 5 шӯъбаи табобатӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ ва 25 кати бистарикунонӣ мебошад. Дар ин ҷо, ҳамчунин шакли муосири ҷарроҳӣ, яъне бе буридани бадан гузаронда мешавад.

Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар ин бино зиёда аз  40 нафар мутахассисони соҳа соҳиби ҷойи кор гардидаанд. Бо таклифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маркази мазкур Вароруд номгузорӣ карда шуд.

Дар маркази маъмурии шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  бинои осорхона ва китобхонаи шаҳрӣ ифтитоҳ ёфт.

Ин бино бо харҷи 6 млн. 800 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ бунёду муҷаҳҳаз гардидааст.

Масоҳати умумии осорхона 600 метри мураббаъ    буда, китобхона барои  39000 адад китоб пешбинӣ гардидааст. Китобхона ҳамчунин дорои шуъбаи электронӣ бо 4,5 ҳазор нусха китоб мебошад.

Дар маҳаллаи 9 шаҳри Турсунзода Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои 5 - ошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод, ки дар он 75 оилаи хуштолеъ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд.

Ин бино, ки дорои 15 хонаи якҳуҷрагӣ ва 30 – тогӣ хонаҳои ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад, аз ҷониби КВД «Алюминсохтмон» бо харҷи 16 млн. сомонӣ маблағҳои КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зисти дар ин хонаҳо муҳайёгардида аз наздик шинос шуда, сокинони онҳоро бо соҳиби хонаҳои нав шуданашон табрику таҳният гуфт.

Дар паҳлӯи ин бино Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда бунёди боз як бинои истиқоматии дорои 75 хонаро оғоз намуд.

Дар ноҳияи Шаҳринав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи сохтмони як корхонаи коркарди нафт санги асос бо нома ба наслҳои оянда гузошта, ба бунёди ин корхонаи ҳаётан муҳим оғоз бахшид.

Тавре зикр гардид, ин корхонаи хусусӣ хоҳад буд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Дӯстов дар майдони 10 га бунёд меёбад.

 Зикр гардид, ки дар замони сохтмони ин корхона 120 нафар ва баъди ба кор даромаданаш тадриҷан то 500 кас дар ин ҷо соҳиби кор хоҳанд шуд.

Корхона дар давраи аввал бо иқтидори коркарди 100 ҳазор тонна нафт дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Минбаъд иқтидори он бояд то 200 ҳазор тонна бардошта шавад.

Таъкид гардид, ки корхона бо навтарин дастгоҳҳои технологӣ муҷаҳҳаз карда шуда, то моҳи сентябри соли 2012 ба кор дароварда шавад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ин корхона самараи дастгирии давлатии рушди соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки минбаъд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тақвияти дастгирии соҳибкории хурду миёнаи хусусӣ тадбирҳои судбахши иловагӣ андешида, амалӣ хоҳад кард.

Дар деҳаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ки баъди обхезии моҳи апрели соли 2009 барои осебдидагони ин офат бунёд гардида буд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои як мактаби нави таҳсилоти ҳамагониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки  барои 900 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ин мактаби дуошёна, ки бо харҷи 7 миллион сомонӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, аз 18 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфҳои муҷаҳҳази фаннӣ иборат мебошад. Синфҳои компютерию лингофонӣ бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст буда, имкон медиҳанд, ки дар робита бо мактабҳои дигари дохил ва хориҷи кишвар таҳсили фосилавӣ ба роҳ монда шавад.

Толори васеи маҷлисӣ, ошхонаи мактабӣ ва толори варзишӣ низ бо шароити хуби муосир муҷаҳҳаз гаштаанд.

Як мактаби боҳашамати сеошёнаи дигар бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Чкалови ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин мактаб, ки бо харҷи 11 миллиону 221 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва қарзи имтиёзии Бонки исломии рушд бунёд ёфтааст, дорои 36 синфхона, аз ҷумла 11 синфхонаи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, 2 синфхонаи лингафонӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ, 1-тогӣ озмоишгоҳҳои кимиё, биология ва физика, 2 синфхонаҳои махсуси технологияи ҳунаромӯзӣ барои духтарону писарон ва китобхонаи калон мебошад.

Ин мактаби муосир, ҳамчунин дорои шифохона, ошхона, толори маҷлисӣ бо 252 курсӣ ва толори варзишӣ бо 120 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад.

Аз 8 то 10 август бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Ьохтару шаҳри Қурғонтеппа низ як зумра иншооти нав мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони чандин иншооти дигар огоз ёфт.

Дар маҳаллаи навбунёди Ваҳдати шаҳри Кӯлоб бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 бо 240 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо омода гаштани ин бино шумораи ҷойҳои нишасти мактаб ба 1050 расид.

Хотиррасон бояд намуд, ки маҳаллаи Ваҳдат бо кӯмаки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорӣ дар як муддати кӯтоҳ барои қариб 800 оилаи бар асари сели пурдаҳшати моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмонда бунёд гардида буд.

Худи ҳамон рӯз дар ин маҳалла боз ду мактаби дигар ба истифода дода шуд, яке барои 970 хонанда дар ду баст ва дуввумӣ барои 2400 кас дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Яке аз онҳо мактаби дуошёнаи рақами 27 аст, ки дар зарфи 30 соли охир бо сабаби валангору садамавӣ буданаш аз истифода боз монда буд. Ин мактаб бо ғамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ тармиму навсозӣ шуда, бо шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, синфҳои компютерӣ ва ҳунаромӯзӣ таъмин гардид.

Ифтитоҳи мактаби сеюм, ки аз биноҳои зебою замонавии ду ва сеошёнаи нав иборат аст,  боиси шодию нишоти бепоён ва сипосгузории мардуми маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Кӯлоб гардид, зеро ин боргоҳи илму маърифат дорои навтарин шароити таълиму тадрис мебошад.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди  Мактаб-интернати боҳашамати президентӣ, ки барои 1280 хонандаи хушлаёқат дар ду баст пешбинӣ шудааст, оғоз ёфт.

Иттилоъ дода шуд, он аз бинои сеошёнаи таълимӣ, хобгоҳ барои 400 нафар хонанда, ду бинои 9 – ошёнаи истиқоматӣ бо 60 хона барои омӯзгорон дар майдони 6 га дар зарфи ду соли оянда бунёд меёбад.

Ифтитоҳ ёфтани  2 бинои нав дар Коллеҷи омӯзгорӣ, ки дорои шароити муосири таълиму тадрис ва таҷрибаомӯзии касбӣ мебошанд, низ боиси хушнудию сипоси аҳли илму маърифати шаҳри Кӯлоб гардид.

Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз кард, ки дар он 600 нафар занону духтарони маҳаллӣ дар ду баст бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Роҳбарияти корхонаи дӯзандагӣ бо ҳидояти Сарвари давлат ӯҳдадор шуд, ки то охири соли равон як коргоҳи дӯхти пойафзол кушода, дар он 300 нафарро бо кор таъмин намоянд. Онҳо бо пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қавл доданд, ки соли оянда боз як коргоҳи истеҳсоли макарон бунёд намуда, дар он 150 нафарро ба кор қабул хоҳанд кард.

Дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Кӯлоб кӯли ҷавонони шаҳр ва маҷмааи варзишии атрофи он баъди тармиму навсозӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи дорои кӯли шиноварӣ (150х50м.), кӯли қаиқронӣ (300х150м.), майдони васеи варзишӣ ва дигар иншооти ёридиҳанда бо харҷи 2 миллиону 28 ҳазор сомонӣ мавриди навсозӣ ва тармими умумӣ қарор гирифта, дорои шароити хуби машқу тамрин гардидааст.

Дар қисмати болоии оби Тебалай берун аз шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди як обанбори бузург оғоз бахшид.

Тавре таъкид гардид, ин обанбор барои ҷамоварии оби боронҳои сел пешбинӣ шуда, ба нафъи мардум истифода хоҳад шуд.

Баландии садди обанбор 45 метр ва паҳноияш 750 метр мешавад.

Оянда аз ин обанбор шаҳри Кӯлоб ҳам бо оби нӯшокӣ ва ҳам бо оби кишоварзӣ таъмин мегардад ва ҳам мардуми он аз хатари обхезиҳо эмин мемонанд. Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, дар ояндаи наздик шабакаи оби нӯшокӣ ва корези шаҳри Кӯлоб нав карда мешавад.

Дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон як сардхонаи бузург, ки барои нигоҳдории 1000 тонна гӯшт ва меваю сабзавот пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни боздиди Сарвари давлат аз корхонаи парандапарварии ноҳияи Муъминобод иттилоъ дода шуд, ки чӯҷаҳои гӯштии ин корхона дар 45 рӯз 2 - 2,5 кг вазн гирифта, барои забҳ омода мешаванд. Он рӯз дар корхона 13800 сар мурғи гӯштӣ барои забҳ омода буд ва ҳар рӯз аз ин ҷо аз 800 то 1000 мурғ ё худ 2 тонна гӯшти парҳезии паранда ба бозор пешниҳод мегардад. Дар ин корхона 62 нафар аз аҳолии маҳаллӣ  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштаанд.

 Аҳли заҳмати корхона 8 мурғхонаро пурра тармиму омода карда, азм  доранд, ки саршумори парандаро ба 150 ҳазор сар расонанд. 

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ шудани ин ҳадаф ба масъулин супориш дод, ки ба ин корхона заминҳои иловагӣ ва қарзи бонкии имтиёзнок ҷудо намоянд.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  корҳои созандагӣ дар ноҳияи Муъминобод авҷ мегиранд. Аз ҷумла, то Наврӯзи соли 2012 обкашҳои барқии оби кишоварзӣ барқарор мешаванд, дар давоми ду соли оянда норасоии оби ошомиданӣ дар ноҳия бартараф мегардад, майдони кишти картошка дар соли 2012 ду баробар афзун мегардад, соли 2012 барои навсозии шифохонаи вилоятии бемориҳои сил дар ноҳияи Муъминобод ва бинои истиқоматии дорои 40 хона барои табибони ин шифохона аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад, роҳҳои дохилии маркази ноҳия тармиму навсозӣ мешаванд ва барои ба 150 ҳазор расондани саршумори мурғи гӯштӣ дар корхонаи парандапарварии ноҳияи Муъминобод ба он 3 миллион сомонӣ қарзи дарозмуддати имтиёзии давлатӣ ҷудо мегардад.

Дар шаҳраки маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои шароити машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш  ва 100 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо супориши Сарвари давлат барои толори варзишӣ,  майдони калони варзишӣ,  майдони гӯштигирӣ ва ҳавзи шиноварӣ 6 га замин ҷудо карда шуда, сохтмони ин иншооти боҳашамати варзишӣ муташаккилона идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки шароити варзишӣ бо назардошти талаботи мусобиқаҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ бунёду муҳайё карда шаванд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои дуошёнаи истиқоматӣ боиси хушҳолию сипоси аҳли 12 хонаводаи мутахассисони ҷавон ва ходимони давлатӣ гардида, ба симои маркази ноҳияи Ховалинг ҳусни дигар зам намуд.

Иншооти боҳашамати дигари ҷашнӣ, ки дар маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, Қасри фарҳанги ноҳия аст, ки тӯҳфаи арзанда барои аҳли фарҳанг ва санъат арзёбӣ гардид.

Дар ноҳияи Ховалинг Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои барқарорсозӣ ва инкишофи минбаъдаи шабакаҳои оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, аз худ намудани 400 га заминҳои нав, васеъ кардани майдони кишти картошка ва ҳамчунин баҳри ободонии бештару рушди инфрасохтори сайёҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Дар маркази ноҳияи Балҷувон бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон  бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳия, ки бо тамоми шароити зарурӣ бунёд ёфтааст ва  дар деҳаи Сари Мазори Ҷамоати деҳоти Саталмуш як чойхонаи зебои миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин ноҳия дастур дода шуд, ки рафти татбиқи се барномаи давлатии рушди ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла барои барпо намудани инфрасохтори истироҳату сайёҳӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад ва  нисбати сохторҳою нафароне, ки вазифаҳои худро иҷро накардаанд, хулосаҳои зарурӣ бароварда шаванд.

Дар ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон 3 иншооти муҳими иҷтимоию фарҳангӣ ифтитоҳ ёфт.

Бо ширкати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдон, ки маркази ҷамоати деҳоти Сари Хосор аст,  нахуст маркази тавонбахшии кӯдакон ва наврасони маъюби минтақаи Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.

Тавре зикр гардид, ҳоло як бинои ин марказ бо 20 ҷойи хоб омода гашта, дар ду бинои дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар маҷмӯъ дар ин ҷо 9 бино бо 150 ҷойи хоб омода мегардад.

Баъди пурра ба истифода супурда шудани ин маркази минтақавӣ 150 нафар корманд ва мутахассис дар ин ҷо ба кор ҷалб карда мешаванд.

Марказ дорои шароити хуби тавонбахшию барқарорсозии саломатӣ аст. Гузашта аз ин, ба андешаи мутахассисон, обу ҳаво ва муҳити зисти ин мавзеи биҳиштосо худ омили беҳтарини барқарорсозии сиҳатмандӣ аст.

Др деҳаи Шайидон, ҳамчунин  китобхонаи ҷамъиятии дорои ду толор ва 4300 нусха китобҳои гуногун ва  осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносии ҷамоати деҳоти Сари Хосор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои беҳсозии шароти зисти мардуми ин деҳот, сохтмону ободонии роҳҳо, аз ҷумла роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор, зиёд намудани маҳсули заҳмати боғдорону ҷангалпарварон ва умуман ҳамаи кишоварзони ин минтақаи кӯҳистон супоришҳои мушаххас дод.

Дар ноҳияи Бохтар бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст литсейи президентии хонандагони болаёқат, ки дар мавзеи зебои соҳили дарёи Вахш ҷойгир шудааст,  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин мактаби боҳашамат  дорои як бинои сеошёнаи таълимӣ барои 660 нафар хонандаи болаёқат дар як баст, ду хобгоҳи чорошёна бо 660 ҷойи хоб яке барои духтарон ва дуввумӣ барои писарон, як бинои истиқоматии панҷошёнаи дорои 20 хона барои омӯзгорон дар майдони 10 га замин доман паҳн кардааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагони лаёқатманд танҳо ба роҳи озмун ба ин мактаб қабул карда шаванд.

Бинои таълимии литсейи президентӣ дорои 22 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз,    чор  озмоишгоҳи фаннӣ, чор  устохонаи омӯзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, моделсозӣ, дӯзандагӣ ва пӯхтани таому шириниҳо, чор  синфхонаи компютерӣ, китобхонаи электронӣ, ду синфхонаи лингофонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар шароити таълиму тадриси хонандагон аст.

Дар маркази ноҳияи Бохтар, ҳамчунин барои аҳли санъату фарҳанги воло  Кохи боҳашамати фарҳанг ба истифода дода   шуд, ки бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, толори калони он дорои 320 ҷойи нишаст ва шароити хуби кору тамрин ва ҳунарнамоӣ мебошад.

Дар қисмати шарқии шаҳри Қурғонтеппа бозори Ҳоҷӣ Шариф мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар майдони 11 га замини ноҳияи Бохтар доман паҳн намуда, боиси бо кори доимӣ таъмин гардидани 7 ҳазор нафар тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, ояндаи наздик дар ин ҷо беш аз 14 ҳазор нафар соҳибкорону  тоҷирон соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Зимни шиносоӣ бо бахшҳои гуногуни бозои Ҳоҷӣ Шариф аён гардид, ки дар он маҳсулоти либосворӣ, техникаю таҷҳизоти барқӣ ва  зарфҳои рӯзгордорӣ, хӯрокворӣ ва коргоҳҳои дӯзандагию пардозгарӣ ҳар яке дар бахшҳои алоҳидаи муносиб ҷойгир шудаанд.

Дар шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Президенти  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти нав ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони якчанд иншооти  дигар оғоз бахшида шуд.

Бинои нави Осорхонаи вилоятӣ ва дар паҳлӯи он Китобхонаи вилояти Хатлон аз ҷумлаи иншооти муҳими фарҳангӣ буд.

Дар маҳаллаи Дӯстии халқҳои шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як кӯдакистони хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои парвариш ва таълиму тарбияи  330 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Дар паҳлуи ин кӯдакистон Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони як мактаби хусусӣ оғози расмӣ бахшид.

Тавре зикр гардид, ташаббускорони ин иқдоми ҷавонмардона ният доранд, ки ботлоқзори ин мавзеъро хушк намуда, дар ҷойи он як мактаби замонавӣ бо навтарин шароити таълиму тарбия барои 640 хонандаи болаёқат дар як баст бунёд намоянд.

Дар маркази шаҳри Қурғонтеппа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи 5 – ошёнаи замонавӣ бо шароити сатҳи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо харҷи 5,2 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои қабули 100 меҳмон пешбинӣ шудааст.

Тарабхонаи он низ зебою дилнишин бунёд ёфта, дорои 100 ҷойи нишаст мебошад.

Дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Қурғонтеппа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони як бинои 15 –  ошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшид, ки он баландтарин бино дар вилояти Хатлон мешавад.

Тавре зикр гардид, ин бино дорои 122 хонаи зебою муҷаҳҳази замонавӣ хоҳад буд.

Дар шаҳри Қурғонтеппа ҳамзамон бинои наву замонавии иловагӣ дар назди мактаби рақами 6 ба номи Лоиқ Шералӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо 19 синфхона барои 1040 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки бо ташаббус ва ғамхории пайвастаи Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон  солҳои охир хеле ободу зебо мешаванд.

Тайи се соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ 201 иншооти гуногун бунёд ёфта, сохтмони 52 иншооти дигар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Минбаъд бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мумфаршсозии роҳҳои дохилии шаҳри Хорӯғ ва татбиқи лоиҳаи навсозии шабакаи обу корези шаҳри Хорӯғ авҷ гирифта, сохтмону таҷҳизи варзишгоҳи ноҳияи Ванҷ ва мактаб - интернати вилоятӣ барои кӯдакони маъюбу бепарастор дар ноҳияи Рӯшон бо сифати баланд ба итмом расонда мешавад.

Барои бунёди танҳо чанд иншооте, ки рӯзи 16 август зимни боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асосашон гузошта шуд, 60 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад.

Зимни боздиди навбатии Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ пули азиме дар болои рӯди Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ифтитоҳи ин пули бузург, ки панҷумин пули пайвандсози Тоҷикистону Афғонистон  аст, боиси хушҳолию сипоси бепоёни мардуми ду соҳили рӯди Панҷ дар ин мавзеъ гардид. Хусусан шодию нишоти мардуми деҳоти наздики Афғонистон беҳадду канор буд, зеро зиёда аз 10 ҳазор аҳолии ин гӯшаи ҳамсоякишвари дӯсту бародар то ин вақт умуман ба ҳеҷ самт роҳи мошингард надоштаанд.

Ин пул бо дарозии 216 метр дарозтарин пули овезон дар Тоҷикистон мебошад. Паҳноии он 5 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна будааст. Ба иттилои масъулин, ин пул бо харҷи наздики 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Дар шаҳри Хорӯғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои сеошёнаи мактаби президентӣ, ки барои 1280 нафар хонандагони хушлаёқат дар 2 баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гириф.

Ин мактаб дар зарфи 4 соли охир бо харҷи беш аз 31 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷудокардаи Ҳукумати кишвар бунёд ёфтааст.

Мактаб аз 6 қисми алоҳида иборат буда, дар ҳар яки он хонандагони зинаҳои гуногуни таҳсилот алоҳида таълим мегиранд.

Толори маҷлисии мактаби президентӣ бо 364 ҷойи нишаст натанҳо барои маҷлис, балки барои ташкил ва гузарондани маҳфилу чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

Мактаб, ҳамчунин дорои хобгоҳ барои хонандагони роҳдурӣ бо 408 ҷойи хоб ва тамоми шароити зарурии зист, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар назди мактаб дар мӯҳлати кӯтоҳ як бинои истиқоматӣ бо 20 хона барои омӯзгорон бунёд намоянд.

Дар шаҳри Хорӯғ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои нави Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон ба номи Тутишо Назришоев, ки бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони бинои дуюми хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хорӯғ ба номи Моёншо Назаршоев бо 360 ҷойи хоб, Маҷмааи бошукӯҳи варзишии шаҳри Хорӯғ ва бинои нави 4 - ошёнаи  таваллудхона дар назди шифохонаи марказии вилоятӣ оғоз бахшида шуд.

Ифтитоҳ ва оғози сохтмони чандин иншооти муҳим дар ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ноҳияҳои водии Рашт низ  корҳои созандагию ободонӣ вусъати бесобиқа пайдо намудаанд.

Рӯзи 26 август бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дар назди Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт сохтмони бинои нави таълимӣ ва бинои толори варзишӣ оғоз ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин биноҳо дар зарфи ду соли оянда бо харҷи беш аз 9 миллион сомонӣ бояд омода гарданд.

Мувофиқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шароити таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимӣ бояд тарзе муҳайё гардад, ки оянда он ба донишкадаи мустақили омӯзгорӣ табдил дода шавад.

Он рӯз роҳи мошингарди Душанбе - Рашт - Ҷиргатол - сарҳади Қирғизистон, ки сохтмонаш дар арафаи солгарди 20 - уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон пурра ба анҷом расид, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки роҳи 20 километраи миёни шаҳраки Ғарм ва Навобод бо харҷи қариб 3 миллион доллари амрикоӣ то охири соли оянда тармиму навсозӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки шоҳроҳи 38 километраи Оби гарм – Нуробод низ мавриди навсозӣ қарор хоҳад гирифт.

Зимни мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳияи Рашт дар майдони варзишии шаҳраки Ғарм зикр гардид, ки ин майдон тайи се соли ахир бо харҷи қариб 4  миллион сомонӣ мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифта, дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст гардидааст.

Дар маркази шаҳраки Ғарм аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои 4 – ошёнаи маъмурӣ оғоз бахшида шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин бино дар зарфи ду соли оянда бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ бунёд меёбад ва дар он 17 адад сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ҷойгир ва бо шароити хуби фаъолият таъмин мегарданд.

Дар деҳаи Қалъанаки ноҳияи Рашт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои якуми як мактаби нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 406 нафар хонанда дар як баст ба таълиму тарбияи босифат фаро гирифта мешаванд.

Дар деҳаи Сангикари ноҳияи Рашт як нерӯгоҳи хурди обии барқӣ ба кор дароварда шуд,ки иқтидораш 1000 квт/с мебошад.

Чунонки иттилоъ дода шуд, рӯди шуху сероби ин мавзеъ имкон медиҳад, ки ин нерӯгоҳ тобистону зимистон қариб бо иқтидори якхела нерӯи барқ истеҳсол намояд.

Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қисми низомии навбунёди Вазорати мудофиаи кишвар аз наздик шинос шуда, ба масъулин дастур дод, ки дар ин минтақаи баландкӯҳ барои афсарону сарбозон бо истифодаи босамар аз маблағҳои ҷудошуда, шароити беҳтарини хизмат, будубош, машқу тамринҳои гуногуни ҳарбӣ ва истироҳату фароғат муҳайё карда шавад.

Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали маҳаллии Тоҷпромбонк мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 20 нафар бо корӣ доимӣ таъмин гардидаанд.

Чунонки зикр гардид, сандуқи қарзии филиал ҳоло аз 8,9 миллион сомонӣ иборат аст, ки ин нисбат ба соли гузашта 30% зиёд аст. Қарзҳо бештар ба кишоварзон ба мӯҳлати як сол ва қисман ба тоҷирон дода мешавад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ноҳияи Ҷиргатол Тоҷпромбонк дар масъалаи баргардонии қарзҳо ҳеҷ мушкилӣ надорад. Ҳамаи мизоҷонаш қарзҳоро саривақт бармегардонанд.

Дар маркази ноҳияи Ҷиргатол, ҳамчунин як бинои нави шифохонаи марказӣ ва бинои маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, шифохонаи марказӣ аз се шуъба - ҷарроҳӣ, таваллудхона ва шуъбаи кӯдакона иборат буда, дар он 60 нафар табибон машғули коранд.

Зимни боздид аён гардид, ки ҳарсеи ин шуъбаҳо бо техникаю таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа, аз ҷумла дастгоҳҳои ҷарроҳӣ, шикастабандӣ, захмбандӣ, озмоишгоҳи муҷаҳҳази биокимиёӣ ва ғайра иборат буда, дар он дар як вақт то 100 нафар беморон метавонанд бистарӣ шаванд. Шуъбаи ҷарроҳӣ бо 2 ҳуҷраи муҷаҳҳази махсус имкон дорад дар як сол то 800 амалиёти ҷарроҳӣ ба роҳ монад.

25 август дар паҳлӯи рости Қасри миллат Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин рамзи давлати соҳибистиқлоли мо, ки дар болои пояи 40 - метра гузошта шудааст, ифтитоҳ ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, баландии худи Нишони давлатӣ 5 метр ва бо пояаш 45 метр буда, он аз ҷумлаи иншооти сершумори ҷашнӣ дар пойтахти кишвар буд, ки ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

30 август бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  пояи 165 - метра, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, бардошта шуд.

Баландии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр мебошад.

Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон бо Нишони давлатӣ дар арафаи ҷашни 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ду паҳлӯи қасри миллат қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза бахшиданд.

Он рӯз ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сертификати Китоби рекордҳои Гиннес барои баландтарин парчампоя дар ҷаҳон тақдим карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангӣ дар маркази шаҳри Душанбе қасри Миллат, пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Театри миллии Тоҷикистон, биноҳои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи андоз ва Кумитаи ҷавон, варзиш ва сайёҳӣ ва Боғи устод Рӯдакӣ бо фаввораҳои зебо ва гулгаштҳои дилнишинашон шомил мегарданд. Ин мавзеъ, ки ҳоло ободониаш идома дорад, аллакай  ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвари азизи мо табдил ёфтааст.

31 август бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, сохтмони чанд иншооти дигар оғоз ёфт.

Дар маҳаллаи Наврӯзи ноҳияи Синои пойтахт бинои нави 4 ошёнаи мактаби таҳсилоти умумии №98 мавриди баҳрабардорӣ қарор  гирифт, бо харҷи 10 миллион сомонӣ бо шароити муосири таълимӣ барои 1280 хонанда дар ду баст бунёд ёфтааст.

Дар кӯчаи ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқӣ ба кор дароварда шуд, бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои коркарди амиқи алюминийи аввалия дар дохили кишвар ва омода кардани маҳсулоти тайёри содиротӣ дар зарфи 3 соли охир бо харҷи 144 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Ноқилҳои барқӣ ё худ кабелҳои ин корхона бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ омода мегарданд, ки дар бозори дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ харидорони сершумор доранд, зеро ин нахустин чунин корхона дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Корхона имкон дорад, бо иқтидори кунуниаш то 10 ҳазор тонна алюминийи аввалияро коркард намуда, ноқилҳои пастшиддат, миёнашиддат ва баландшиддати ҳам луч ва ҳам пӯшида истеҳсол намояд. Ноқилҳое, ки имрӯз дар ин корхона истеҳсол мешаванд, асосан дар нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, зеристгоҳҳо, хатҳои баландшиддату миёнашиддати интиқоли нерӯи барқ, шабакаҳои барқии байниминтақавӣ, байни шаҳру ноҳияҳо ва дохили онҳо истифода мешаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар навбати дуюми корхона бо ворид намудани технологияи навтарин истеҳсоли ноқилҳои истифодаи рӯзгори хона низ ба роҳ монда шавад ва таъкид дошт, талабот ба ин гуна ноқилҳо ҳам дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин корхона 200 нафар коргарони муҳандисию техникӣ ва дигар мутахассисон бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд ва бо фаъол гардидани навбати дуюми корхона шумораи коргарон ба 400 нафар хоҳад расид.

Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт сохтмони корхонаи истеҳсоли троллейбус ва дучархаҳо оғоз ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия буда, баъди як сол ба истеҳсоли маҳсулот шуруъ хоҳад кард ва дар он то 400 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Ин корхона метавонад дар як сол 100 тролейбус ва даҳҳо ҳазор дучархаҳои гуногун барои кӯдакон ва ҳам  калонсолон истеҳсол намояд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон яке аз намунаҳои дучархаро, ки оянда дар ин корхона истеҳсол хоҳад шуд, саворӣ намуда, ба сифати он баҳои баланд дод.

1 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, дар саҳни донишгоҳ бо устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дарси сулҳ ва сӯҳбати озоду ошкорои тӯлонӣ анҷом дод.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро, ки асосан барои факултаи навтаъсиси тоҷикӣ - украинии ин донишгоҳ пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ намуда, бо шароити муосири таълимии он аз наздик шинос шуд.

Дар ин донишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намунаҳои корҳои эҷодию ихтироотӣ ва навовариҳои техникию технологии устодону донишҷӯён аз наздик шинос шуда, масъулинро вазифадор намуд, робитаи босамари миёни илму истеҳсолотро таъмин карда, олимону ихтироъкорони наврасро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

Яке аз намунаҳои корҳои эҷодӣ ва ихтироотии устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ мошинҳои сабукрави барқӣ буд, ки яке аз онҳоро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон саворӣ намуда, дастур дод, ки истеҳсоли васеи чунин мошинҳо дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад.

4 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  маҷмааи муҳташами варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ҳудуди маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангии маркази пойтахт сохтмони биноҳои ояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои минбаъда оғоз ёфт.

5 сентябр дар боғи Ирами пойтахт бинои Амфитеатри нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 8 моҳ бо харҷи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Роҳани оҳани Тоҷикистон бунёд ёфта, дорои ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон аст.

Ба муносибати ифтитоҳи амфитеатр ва ба истиқболи 20 – умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ин ҷо барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он устодони санъат ва ҷавонону наврасони соҳибистеъдоди кишвар ҳунари волои худро ба намоиш гузоштанд.

6 сентябр дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт як корхонаи истеҳсоли лампаҳои камасраф бо иқтидори шабонарӯзии 10 ҳазор дона, ки зодаи сиёсати сарфаю сариштакории Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аст, дар ноҳияи Сино толори бузурги варзишии Агнентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва дар ноҳияи Шоҳмансур маркази 22 ошёнаи соҳибкории Душанбе-Плаза мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бунёди шифохонаи шаҳрии бисёрсоҳа бо 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар ниёзмандон дар як баст оғоз ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, маркази соҳибкории Душанбе-Плаза дар зарфи қариб 22 моҳ бо харҷи 164 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд ёфта, дар ошёнаҳои гуногуни он барои тоҷирону соҳибкорони дохилию хориҷӣ утоқу толорҳои семинару конфронсҳои мухталиф, машваратҳо, марказҳои иттилоотӣ, намоишгоҳҳои сайёр, намоиши мӯд, 2 тарабхона яке бо 200 ва дуввумӣ бо 60 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 40 ҷойи хоб ва утоқҳои маъмурию идорӣ бо шароити зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Худи ҳамон рӯз Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии Алфаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Байрақи ҷангӣ тақдим намуда, изҳори боварӣ кард, ки ҳайати шахсии ин ва дигар сохторҳои низомию қудратӣ минбаъд низ вазифаҳои пуршарафу пурифтихори худро баҳри таъмини амну суботи кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон пайваста бо садоқати баланд, ҳисси волои ватандӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории миллии тоҷикон адо мекунанд.

Шоми 6 сентябр дар мавзеи Буниҳисораки шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боғи мӯҳташами фарҳангу фароғатии Пойтахт   мавриди истифода қарор дода шуд.

Боғи  Пойтахт, ки дар майдони 15 гектар бо харҷи наздики 80 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, аз маҷмааҳои дилхушӣ, амфитеатр бо 1080 ҷойи нишаст, қалъаи афсонавӣ, ҳавзҳои аквапарк ва шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои мусиқию тасвирҳои гуногун, майдонҳои варзишӣ барои теннис, баскетбол, волейбол, ганбол ва футболи хурд, толори шоҳмоту саққобозӣ, майдони бозиҳои чархакронӣ ва атраксионҳо иборат мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  бо шароити мавҷудаи боғ шинос шуда, барои ташкили хизматрасонии  сифатан хубу  муосир ба мардум, сабзу хуррамгардонӣ ва ба макони хуби истироҳату фароғат табдил додани он  ба масъулон дастуру ҳидоятҳо дод.

Хотиррасон гардид, ки  дар шаҳри Душанбе ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 236 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шуд.

Силсилаи сафарҳои дохилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав ба нави иҷтимоию фарҳангӣ ва саноатию тиҷоратӣ баъди таҷлили соллгарди 20 – уми истиқлолияти Тоҷикистони азиз низ идома ёфт.

22 сентябр Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон сафар карда, нахуст дар ноҳияҳои Қубодиён корхонаи муштараки Тоҷикистону Япония оид ба истеҳсоли доруворӣ аз решаи ширинбияро ифтитоҳ намуд, ки Аввалин номгузорӣ шудааст.

Тавре зикр гардид, дар воқеъ ин нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Япония мебошад. Дар он дар як сол то 3 ҳазор тонна решаи ширинбия коркард шуда, аз он маҳсулоти нимтайёр барои истеҳсоли доруҳои қиматбаҳои ҷигар омода мегардад.

Дар ин корхона, ки бо харҷи 3 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст, 50 нафар бо кори доимӣ ва 150 каси дигар бо кори мавсимӣ таъмин гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти тоҷику японии ин корхонаро вазифадор намуд, ки минбаъд истеҳсоли содироти маҳсулоти тайёри ниҳоӣ, яъне дорувориро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои навсозии роҳи мошингарди Қурғонтеппа – Панҷи поён аз наздик шинос шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки дарозии умумии ин шоҳроҳ 87 км буда, навсозии қитъаи 27 километраи Дӯстӣ- Панҷи поёни он аллакай ба поён расидааст ва мавриди истифода қарор дорад.
Дар 42 км қитъаи 60 – километраи Дӯстӣ-Қурғонтеппа 94% корҳои навсозӣ, аз ҷумла бунёди 7 пул анҷом ёфтааст. Навсозии 18 км боқимонда соли 2012 оғоз ёфта, то моҳи ноябри ҳамон сол шоҳроҳи нави Қурғонтеппа - Панҷи поён пурра омода мегардад.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин шоҳроҳ бо харҷи 75 миллион доллар грант ё худ кӯмаки бебозгашти ҳукумати Япония аз ҷониби ширкати японии роҳсозии  Дай Нипон Нило бо сифати баланд навсозӣ мегардад.

Бо дархости Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Япония ва Бонки осиёии рушд  изҳор намуданд, ки масъалаи омодасозии лоиҳаи навсозии шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро то соли 2012 мавриди омӯзиш барои сармоягузорӣ қарор медиҳанд.  Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин шоҳроҳ бо назардошти аҳамияти байналмилалиаш оянда бояд аз 4 хатти ҳаракати мошинҳо иборат бошад.

26 сентябр  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар намуда, нахуст дар деҳаи Марзичи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ як нерӯгоҳи обии барқии хурди дорои 4300 киловатт/соатро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Тавре зикр гардид, ин нерӯгоҳ бо харҷи 4 миллион доллари амрикоӣ бо сифати баланд бунёд ёфта, метавонад бо истифода аз ҳамагӣ 3,5 метри мукааб об тобистону зимистон бо иқтидори лоиҳавиаш кор карда, то 50% ниёзи ноҳияи Айниро ба нерӯи барқ таъмин созад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мавқеи басо мусоиди ин мавзеъ ба масъулин дастур дод, ки бо насби лӯла ва агрегатҳои иловагӣ иқтидори нерӯгоҳи Марзичро ба 10 ҳазор киловатт\соат расонанд ва таъкид дошт, ки он гоҳ ин нерӯгоҳ ноҳияи Айниро пурра бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард.

Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи 220-киловолтаи Айнӣ ва хатти 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Хуҷанд-Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, бунёди ин зеристгоҳ ва ба масофаи 83 км кашидани хатти 220 киловолтаи Хӯҷанд - Айнӣ моҳи июли соли 2010 оғоз ёфта буд ва он рӯз 5 моҳ пеш аз мӯҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо вуҷуди он, ки қисмати зиёди хат аз болои қаторкӯҳҳои баланди ҳамеша барфпӯш мегузарад.

Аз он рӯз эътиборан таъмини мардуми ноҳияҳои водии Зарафшон – Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакент бо нерӯи барқи истеҳсоли ватанӣ имконпазир гардид.

Дар деҳаи дурдасти Роғи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки 80 км аз маркази ноҳия дур қарор дорад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  бо кори намунавии картошкапарварони он аз наздик шинос шуда, барои беҳ намудани шароити кори зиндагии мардуми ин мавзеи баландкӯҳ ба масъулин як қатор супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла бо дархости деҳқонони деҳаи Роғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои кандани як канали 5 километра ва аз худ намудани 100 гектар замини нави ҳосилхез лоиҳа омода намоянд. Тавре таъкид гардид, ин лоиҳа бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки имкони аз нав обёрӣ ва оянда мавриди истифода қарор додани 1300 гектар заминҳои бекори мавзеи Тагоби Реват омӯхта шавад.

27 сентябр сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Табошар ташриф оварда, нахуст маҷмааи  варзишии олимпии дар майдони 3,5 га ҷойгир шударо баъди тармиму таҷдид дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Зимни боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои бо харҷи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ анҷомёфтаро нокифоя номида, барои идомаи навсозӣ ва воқеан ба маҷмааи олимпӣ табдил додани он супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, дар ин маҷмааи варзишӣ бояд захираҳои ҷумҳуриявии олимпӣ машқу тамрин карда, дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ шарафи Тоҷикистонро ҳифз намоянд.

Баъди навсозии маҷмаа дар ин ҷо имкони то 100 нафарро ба кор ҷалб намудан ба миён омад.

Ду меҳмонхонаи дар назди ин маҷмааи бузурги олимпӣ вуҷуддошта ҳам мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифта, дар онҳо барои 60 нафар шароити муосири зист ва истироҳату фароғат муҳайё гардидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзию саноатии Табошар қолинбофони чирадасти онро ба ривоҷ додани ин ҳунари манфиатбахш, тарғибу ташвиқи он дар миёни ҷавонон ҳидоят намуд ва ба масъулини давлатӣ дастур дод, ки барои эҳёи дубора ва тараққӣ додани чунин ҳунарҳо тамоми шароити заруриро муҳайё созанд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар муҳлати кӯтоҳ бояд бо ҷалби сохторҳои давлатию соҳибкорӣ як зумра корхонаҳои хурди саноатӣ бунёд ёфта, 1000 нафар занону духтарони шаҳри Табошар бо кор таъмин карда шаванд.

Зимни боздид аз намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатии Востокредмет, Мармари Табошар, Сомон-Суғд, Зиннат ва ғайра дастур дода шуд, ки барои бо иқтидори пурраашон ба кор даровардани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва бунёди корхонаҳои нави хурд аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода карда шавад.

Чунонки аён гардид, солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металҳои қимматбаҳо рӯ ба афзоиш ва тараққӣ дорад ва ин табиист, зеро сол ба сол шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзун шуда, талабот ба ороишоти миллии тоҷикӣ, зару зевар ва тӯҳфаҳои хотиравии хосси кишвари кӯҳистони мо зиёд мешавад.

Дар шаҳри Табошар бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин   Маркази саломатӣ ва қасри фарҳанг баъди тармиму навсозӣ аз нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни боздид аз Маркази саломатии шаҳри Табошар, аз ҷумла зикр гардид, ки ин бино бо харҷи 750 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ навсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Акнун маркази саломатӣ имкон дорад, ки дар як баст ба 750 нафар ниёзмандон хизмат расонад.

Қасри фарҳанги шаҳри Табошар бошад, бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ навсозӣ шуда, бо намои зебою дилкашаш ба маркази шаҳр ҳусни тоза зам намудааст.

Толори калони қаср, ки 400 ҷойи нишаст дорад, баъди навсозӣ хеле зебою дилкаш ва бо асбобу ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми шаҳри Табошар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани як қатор мушкилоти мавҷудаи шаҳри Табошар дастуру супоришҳо дод.

Тибқи супоришҳои Президенти кишвар, дар зарфи 2 соли оянда бояд норасоии об, ки мушкили асосии шаҳри Табошар аст, бартараф шавад, барои аз нав ба кор даровардани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва бунёди корхонаҳои хурди нав тадбирҳои судбахш амалӣ гашта, дар зарфи як сол дар онҳо бояд 1000 ҷойи корӣ муҳайё шавад.
Ба мактабҳои шаҳри Табошар, ки 2200 нафар хонанда доранд, 100 компютери нав бо 20 принтер ва ба Маркази саломатии шаҳр як мошини ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа карда шуд.

Cарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки шаҳри Табошар минбаъд Истиқлол номида шавад. Пешниҳод аз ҷониби мардум хуш пазируфта шуд.

28 сентябр дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои иловагии осоишгоҳи Баҳористон, ки дар соҳили обанбори Қайроққум ё худ баҳри Тоҷик қарор дорад, мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, биноҳои нахустини осоишгоҳи Баҳористон соли 2010 барои 400 истироҳаткунандаю табобатгиранда дар як баст ифтитоҳ ёфта, аллакай мизоҷону ҳаводорони сершумор пайдо намудаанд.

Бо ифтитоҳи бинои нави дорои шароити зарурии истиқомат, табобат ва истироҳату фароғат кунун осоишгоҳи Баҳористон дар як баст метавонад то 600 нафарро фаро бигирад, зеро бинои иловагӣ барои 200 нафар истироҳаткунандаю табобатгиранда пешбинӣ шудааст.

Бинои нави табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини ташхис, муоина, муолиҷа ва тавонбахшӣ  дорои шароити зарурӣ барои хизматрасонӣ ба касони гирифтори бемориҳои асаб, рагу дил, буғуму устухонҳо, сутунмӯҳра, роҳҳои нафас, меъдаю рӯда, бемориҳои мардонаю занона ва ғайра мебошад.

Бинои нави осоишгоҳи Баҳористон, ҳамчунин дорои толори калони варзиши бадан ва бозиҳои варзишӣ аст.

Дар ин бино барои 140 нафар кормандони соҳаи тиб ва хизматрасонии маишӣ ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб муҳайё гардидааст.

30 нафари дигар барои кори доимӣ ба маркази фароғатии Сано ҷалб карда шудааст, ки дар назди осоишгоҳи Баҳористон он рӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба соҳили баҳри Тоҷик баромада, бо рафти корҳои ободонии назди соҳил, ки барои оббозӣ, офтобдиҳии бадан, бозиҳои соҳилии рӯйи рег ва дигар намудҳои фароғат иҷро мегарданд, аз наздик шинос шуд. Дар соҳили баҳр бо бунёди як садди бузурги иборат аз сангу реги  махсус ҳавзҳои калони шиноварӣ бунёд меёбанд, ки тӯли тамоми мавсими оббозӣ, новобаста аз паст ё баланд шудани сатҳи оби қайроққум, пур аз оби тоза хоҳанд буд.

4 октябр бо буридани лентаи рамзӣ ва зер кардани тугмача аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави ресандагии ноҳияи Ҳисор, ки даври якуми он бо харҷи 12 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дорои иқтидори солонаи коркарди 4 ҳазор  тонна нахи пахта мебошад, ба кор дароварда шуд.

Дар ин корхона дастгоҳҳои ресандагии технологияи навтарини италявӣ аз ширкати соҳибнуфузи «Marzoli» васл гардидаанд, ки аксари корҳоро ба таври автоматӣ иҷро мекунанд.

Бо вуҷуди дастгоҳҳои навтарини автоматӣ дар ин корхона 180 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Оянда корхонаи ресандагии мазкур васеъ гардида, дорои иқтидори солонаи коркарди 8 ҳазор тонна нахи пахта мешавад ва шумораи коргаронаш ба 260 нафар хоҳад расид.

Дар паҳлӯи корхонаи ресандагӣ бо гузоштани сангӣ асос ва нома ба наслҳои оянда  сохтмони корхонаи нави бофандагӣ ва  рангубори матоъҳо оғоз ёфт, ки идомаи тадбирҳои муҳим барои коркарди амиқи нахи пахта дар дохили кишвар мебошад.

Дар паҳлӯи ҳамин корхонаҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги нахуст, ҳамчунин ба бунёди Донишкадаи саноати сабук оғоз бахшид.

Афзалияти асосии ин донишкада дар паҳлуяш вуҷуд доштани силсилаи корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯхти либосҳои гуногун хоҳад буд, ки ба он чун заминаи асосии моддию техникии таълимӣ, пеш аз ҳама барои дарсҳои амалӣ, хизмат хоҳад кард.

Дар паҳлӯи рости роҳи мошингарди Душанбе-Ҳисор-Турсунзода бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмону васлгарии корхонаи дӯхти либосҳои пахтагин, ки таъмингари коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ хоҳад буд, вусъати тоза пайдо намуд.

Баробари ба кор даромадани ин корхона дар он зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ муҳайё мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар ин корхона дӯхти на камтар аз 10 намуди либосҳои гуногун, аз ҷумла шиму костюм низ бо технологияҳои навтарин ва сифати бозоргир ба роҳ монда шавад.

Ҳоло дар ноҳияи Ҳисор, ҳамчунин як корхонаи бузурги металлургӣ дар ҳоли сохтмону васлгарӣ қарор дорад, ки то Наврӯзи соли 2012 навбати аввали он бояд ба кор дароварда шавад. Баробари ба кор даромадани навбати аввали ин корхона, ки дорои иқтидори солонаи 250 ҳазор тонна арматураи хушсифати диаметраш аз 10 то 42 мм мебошад, дар он 470 нафар бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.

Дар навбати дуюм баъди васли гудозандаҳои доменӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи гуногуни сохтмонии металлӣ шумораи коргарон ба зиёда аз 2 ҳазор нафар ва иқтидори умумии солонаи корхона ба 450 ҳазор тонна маҳсулоти тайёр хоҳад расид.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои мардум садо доданд, соли 2015 ҷашни 3 ҳазорсолагии Ҳисор таҷлил мегардад ва то ин вақт, яъне дар зарфи 4 соли оянда дар ин ноҳия як варзишгоҳи муосир бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, боғи фарҳангу фароғат, китобхона, осорхона, кохи фарҳанг, мактаби президентӣ ва дигар биноҳои наву замонавӣ бунёд меёбанд ва қалъаи Ҳисор аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ хоҳад шуд. Барои иҷрои ин корҳо дастур дода шуд, ки дар зарфи 3 моҳ нақшаи генералии маркази ноҳияи Ҳисор аз нав такмил дода шуда, пешниҳод карда шавад.  Тибқи нақшаҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои наздик Ҳисор бояд ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил ёбад.

5 октябр бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон сохтмони масҷиди ҷомеъи Душанбе, ки барои 115 ҳазор намозгузоранда дар як вақт пешбинӣ шудааст, оғоз ёфт.

Дар ҷойи сохтмони масҷид, ки бо харҷи беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ дар зарфи 3-4 соли оянда бунёд хоҳад ёфт, Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба экскаватор нишаста, бо кандани сангу шағал ва бор кардани он ба мошини боркаш  ба омода кардани зербинои ин масҷиди бузург бевосита оғоз бахшид.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағи барои сохтмони масҷид пешбинигардида, 70 миллионаш аз ҷониби Давлати Қатар ва 30 миллион аз ҷониби Тоҷикистон ҷудо хоҳад шуд. Дар давраи бунёди масҷид аз 800 то 1000 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки корҳои сохтмону ороиш бо сифати баланди сатҳи ҷаҳонӣ ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ, аз ҷумла сангҳои ороишии Тоҷикистон анҷом дода шаванд.

15 октябр Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Шугноби ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи давлатии Тиллои Тоҷик ва 5 корхонаи хусусию заршӯёни инфиродӣ аз наздик шинос шуд.

Тавре зикр гардид, аз солҳои 90-уми асри гузашта то ба соли 2008 истеҳсоли тилло дар ин мавзеъ, ба хусус дар ин корхонаи давлатӣ хеле коҳиш ёфта буд. Ин буд, ки бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2008 дар заминаи он корхонаи махсуси давлатии Тиллои Тоҷик таъсис дода шуда, маблағгузории давлатӣ ба он афзун шуд ва зиёда аз 40 адад техникаю механизмҳои махсус харидорӣ гардид. Дар натиҷа истеҳсоли тилло аз нав рӯ ба афзоиш оварда, дар соли 2010 ба 320 кг расид. Соли 2011 ин нишондод бояд ба 500 кг расад.
Дар ин мавзеъ, ҳамчунин 5 корхонаи дигари хусусӣ, аз ҷумла артелҳои Одина, Союз-зар ва Помир фаъолият доранд, ки онҳо низ истеҳсоли маҳсулотро сол ба сол афзоиш медиҳанд. Артели Одина соли 2010 124 кг тилло ҷамъоварӣ намуда, соли 2011 истеҳсоли онро 1,5 баробар афзоиш дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар зарфи 2 соли оянда истеҳсоли солонаи тилло аз конҳои мавзеъи Шугноб ба 1 тонна расонда шавад.

Дар як корхонаи давлатӣ ва 5 артели хусусии заршӯӣ беш аз ҳазор нафар бо кор ва маоши миёнаи 1,5 ҳазор сомонӣ дар 15 рӯзи корӣ таъмин гаштаанд. Ин корхонаҳо дар 9 моҳи соли равон ба андозаи 68 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, 60% воридоти андоз ба буҷети маҳаллии ноҳияи Ховалингро таъмин кардаанд.

Бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бинои 3 – ошёнаи маркази ташхисию табобатии хусусии ҷамоати деҳоти Шугноб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби артели Одина бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо техникаю таҷҳизоти муосири ташхису табобат муҷаҳҳаз гардидааст.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони як мактаб-интернат барои 300 нафар мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат оғоз бахшид, ки ҳамчунин аз ҷониби артели хусусии заршӯии Одина дар зарфи 1,5 соли оянда бунёд меёбад. Минбаъд хизматрасонии мактаб низ аз ҳисоби ҳамин корхона ба роҳ монда хоҳад шуд.

Зимни вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳолии деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг корхонаҳои хусусии заршӯии Шугноб уҳдадор шуданд, ки дар зарфи 1,5 соли оянда дар ин ҷамоат 3 мактаби нави замонавӣ ва 3 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла як корхонаи заргарӣ бо 30 ҷойи корӣ, як коргоҳи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи корӣ, як корхонаи захира ва коркарди гиёҳҳои шифобахш сохта, ба истифода медиҳанд.

31 октябр бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон сохтмони пули 6 -уми мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, пули нави 182 метра бо 500 метр роҳи нави аз шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб то лаби рӯди Панҷ бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ маблағҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар зарфи 11 моҳ бунёд хоҳад ёфт. Иқтидори борбардории пул, ки бо усули овезон сохта мешавад, баробари 30 тонна хоҳад буд.

Худи ҳамон рӯз Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба навсозии қитъаи 40 километраи Шӯрообод - Шоҳони  шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб -Қалъаи Хумб - Хорӯғ - Кулма - сарҳади Чин оғоз бахшид.

Қитъаи мазкури ин шоҳроҳ бо харҷи 440 миллион сомонӣ ё худ 93 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 2 соли оянда мавриди навсозӣ қарор мегирад. Дар ин қитъаи роҳ, ҳамчунин 9 пул ба дарозии умумии 1064 метр бунёд меёбад. Бузургтарини онҳо пули Оби Ниҳол хоҳад буд, ки дарозиаш 264 метр мебошад.

7 ноябр бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ва Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жао навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Турсунзода - сарҳади Узбекистон расман оғоз ёфт.

Ин шоҳроҳи дарозиаш 66 километр бо харҷи беш аз 900 миллион сомонӣ ё худ 181 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тармиму навсозӣ қарор мегирад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин кор на дар 3 сол, балки дар 2 сол, вале бо риояи тамоми талаботи ҷаҳонии сифату эътимодбахшӣ анҷом дода шавад.

Бинобар таъкиди Президенти кишвар, дар ин ҷо зиёда аз 600 нафар роҳсозони маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб мешаванд, зеро беш аз 80% коргарон аз Тоҷикистон хоҳанд буд.

Тибқи лоиҳа, масофаи 4,6 километри ин роҳ – аз назди пайкараи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе аз 8 хатти ҳаракати мошинҳо ва боқимондаи роҳ аз 4 хат иборат хоҳад буд. Дар  канори ин роҳ Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос, ҳамчунин ба сохтмони як маҷмааи тиҷоратию хизматрасонӣ оғоз бахшид.

Ин маҷмаа аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфта, иборат аз тарабхона, чойхона, меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии мошинҳои гуногуни боркашу сабукрав хоҳад буд. Тибқи нақша ин маҷмаа баъд аз 2 сол ба кор медарояд ва дар он зиёда аз 300 нафар соҳиби кори доимӣ шуда, ба роҳгузарони шоҳроҳи Душанбе - Ҳисор - Шаҳринав - Турсунзода - сарҳади Узбекистон хизматрасонӣ хоҳанд кард.

18 ноябр бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон солгарди 60 - уми Академияи илмҳои Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

Сарвари давлат аз комёбиҳои муҳими олимони тоҷик дар бахшҳои гуногуни илму техника, аз ҷумла зилзилашиносӣ ва изҳори хушнудӣ намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки саъю талошҳо барои тадқиқоти илмию амалӣ доир ба пешгирӣ аз гармшавии иқлим, обшавии пиряхҳои бузург,  таъмини дастрасии пурраи мардуми ҷаҳон ба оби тоза ва нерӯи барқ, ба роҳ мондани истифодаи васеи манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои обӣ, офтобӣ, бодӣ ва нерӯи биологӣ бояд ривоҷ дода шавад.

19 ноябр Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бунёди боғи нави Наврӯзгоҳи пойтахтро шурӯъ намуд ва бо ин дар ҷумҳурӣ мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфт.

Тавре иттилоъ дода шуд, боғи Наврӯзгоҳ дар майдони 15 гектар саҳни даромадгоҳ ва атрофи Наврӯзгоҳи пойтахт доман паҳн менамояд. Худи ҳамон рӯз, садҳо ниҳоли сояафкану ороишӣ шинонда шуд.

Тибқи нақшаи генералӣ боғи Наврӯзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кӯдакон  ва ғайра иборат хоҳад буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти он, ки ин мавзеъ оянда як сайргоҳи фарҳангӣ хоҳад буд, дастур дод, ки ба ин кор мутахассисони сатҳи баланди дорои завқу салиқаи махсус ва ҳисси қавии зебоипарастӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳамин гуна супоришҳо, ҳамчунин доир ба ободонии боғи Рӯдакӣ ва боғу гулгаштҳои атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Нишони Тоҷикистон, Парчами давлатии Тоҷикистон, ки ҳама ҷузъҳои як ансамбли зебои фарҳангӣ дар маркази пойтахт мебошанд, дода шуд.

6 декабр бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазсозӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Навсозию таҷҳизи ин биноҳо бо харҷи 70 миллион сомонӣ маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон сурат гирифтааст. Бо дубора фаъол гардидани ду бинои қаблан валангору аз кор бозмонда дар ин ҷо 170 ҷойи нави корӣ барои кормандони соҳаи тиб муҳайё шуд.

Дар ин ҷо озмоишгоҳи миллии референсӣ таъсис ёфтааст, ки бо навтарин таҷҳизоти сохти олмонии ташхиси бемориҳои сил муҷаҳҳаз мебошад.  Бо ин таҷҳизот ҳатто мураккабтарин ташхисҳо, аз ҷумла муайян кардани бемории сили ба доруҳо мутобиқшуда низ дар зарфи ҳамагӣ 2 соат анҷом меёбад ва табобат  ҳам бо сифати баланд сурат мегирад.

Таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гардидаанд навтарину калонтарин дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Бо чунин таҷҳизоту шароити беҳтарин дар ин ҷо имкон дорад, ки як маркази минтақавӣ барои кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

9 декабр Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи нави геологии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо намояндагони сершумори соҳаи геологияи тоҷик ва масъулони сатҳи давлату ҳукумат мулоқоти озоду ошкоро доир намуд.

Зимни боздид аз осорхона, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо намунаҳои беш аз 4,5 ҳазор навъи сарватҳои табиии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар осорхона, 25 намуд минералҳои нав пешниҳод гардидаанд, ки аз ҷониби олимони геологи Тоҷикистон, асосан дар замони истиқлолияти давлатӣ кашф шуда, ба таснифи байналмилалӣ шомил гардидаанд ва онҳо танҳо дар сарзамини кишвари мо во мехӯранд.

Тавре аён гардид, Тоҷикистон бо конҳои бешумор аз сарватҳои табиӣ худ ба як осорхонаи азими табиии геологӣ монанд аст.

Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо геологҳои кишвар ба масъулин доир ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ, иктишофу истихроҷ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ, коркарди саноатии сарватҳои табиӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ва бештар намудани шуҳрати ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи геология супоришҳои мушаххас дод.

28 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Литсей-интернати махсуси касбии маъюбон» - и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо шароити намунавии он, ки зимни тармиму навсозии асосӣ муҳайё гаштааст, аз наздик шинос шуд.

Дар арафаи соли нави мелодии 2012 Сарвари давлат аз ҳоли кӯдакону наврасони маъюб хабар гирифта, ба онҳо сарулибоси гарми зимистона, шириниҳо, аробачаҳои маъюбӣ ва компютерҳо ҳадя намуд.

Тӯҳфаҳои солинавии Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва маъюб ва ҳамчунин пирону барҷомондагони хонаҳои пиронсолон расонда шуд, ки шумораи умумиашон беш аз 20 ҳазор нафар аст.

Умуман соли 2011 – ро дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар метавон пурбарор номид.

Далели возеҳи чунин таъкид метавонад Буҷети давлатии кишвар барои соли 2012 ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2013 ва 2014 бошад. Қисми даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2012 дар ҳаҷми 10 миллиарду 160 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоти он 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва ин нисбат ба буҷети соли 2011 мутаносибан 1 миллиарду 860 миллион ва 1 миллиарду 750 миллион сомонӣ зиёд аст.

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бошад, дар ҳаҷми 35,8 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот 7% ва таваррум 10,5% пешбинӣ гардидааст.

Аз 1 октябри соли 2011 ба мӯҳлати се соли оянда эълон кардани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ бошад қадами навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва беҳсозии фазои ҳуқуқию сармоягузорӣ маънидод мегардад.

Мутобиқи Фармони мазкур ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю техналогияҳои навинро барои васеъ намудани номгӯи на камтар аз нисфи маҳсулоти истеҳсолӣ ҷалб менамоянд мораторий эълон карда мешавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2011 чун соли натиҷагирӣ аз дастовардҳои 20 соли истиқлолияти давлатӣ ва таҷлили солгарди 20 – уми ин неъмати бебаҳо ба шумор меравад.

Агар нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар соли 2011 бо солҳои 90- уми асри гузашта муқоиса намоем, аён мегардад, ки суръати пешрафту тараққиёт хеле баланд аст. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои амалкунанда аз соли 1997 то соли 2011 58 баробар афзудааст.

Агар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба сари ҳар нафар аҳолии кишвар дар соли 1997 ҳамагӣ 19,8 сомониро ташкил карда бошад, пас он дар соли 2011 - 1060 сомониро ташкил медиҳад, ки қариб  54 баробар зиёд аст.

Даромади буҷети давлатӣ аз 109 миллион сомонии соли 1997, соли 2011 ба 8,3 миллиард сомонӣ расид, ки ин рақам нисбат ба соли зикршуда 76 баробар зиёд мебошад.

Соли 2011 дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ 56 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дошт. Дар маҷмӯъ тӯли даҳ соли охир зиёда аз 150 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 12 миллиард  сомонӣ ва 200 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақим амалӣ шудааст.

Дар 20 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон, ки воқеан орзуи беш аз ҳазорсолаи ниёгони сарфарози мо баъди пош хӯрдани давлати бузурги Сомониён буд, корҳои зиёд анҷом дода шуд ва пурарзиштарини онҳо инҳоянд:

  • Бунёди роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб;
  • Сохтмон ва навсозии 1700 километр роҳҳои мошингард, 17 километр нақб ва беш аз 100 пул, аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Мастчоҳ – сарҳади Узбекистон, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хорӯғ-Кулма-сарҳади Чин, Душанбе-Қурғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён – сарҳади Афғонистон, 5 пули мошингузар дар болои дарёи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон, ки дар мавзеъҳои Хорӯг, Ишкошим, Ванҷ, Қалъаи Хумб ва Панҷи Поён қарор доранд;
  • Ба кор даромадани нерӯгоҳҳои обии барқии Сангтӯда – 1 ва Сангтӯда – 2;
  • Авҷ гирифтани корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи азими Роғун;
  • Оғози навсозии куллии нерӯгоҳи бузурги Норак;
  • Бунёди қариб 300 нерӯгоҳи хурди обии барқӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар;
  • Аз болои қуллаҳои сарбафалаки кӯҳистон кашидани хатти 500 киловолтаи барқии Ҷануб-Шимол;
  • Ба кор даромадани хаттҳои 200 киловолтаи Лолазор – Хатлон ва Тоҷикистон – Ағонистон;
  • Бунёди садҳо корхонаҳои нави саноатӣ, эҳёи тадриҷии корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва муҳайёсозии ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ;
  • Тақсими 75 ҳазор гектар замин ба деҳқонон ва соҳиби замин кардани истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
  • Ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва гирифтани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ;
  • То ба зиёда аз 1 миллион тонна расондани истеҳсоли ғалладонагиҳо;
  • Ҳамин тариқ аз се ҳадафи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, яъне  раҳоӣ аз бунбасти нақлиётию коммуникатсионӣ, истиқлоли энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ якеаш гуфтан мумкин аллакай иҷро шуд, зеро бо бунёди роҳу пулҳо ва нақбҳои зикршуда ба чор сӯйи олам роҳ кушода шуд.
  • Барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна низ заминаи зарурӣ бунёд мегардад.
  • Ками дигар мондааст, ки истиқлоли энергетикӣ низ таъмин шуда, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои бузурги содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёбад.

Тавре зикр гардид, соли 2011, қабл аз ҳама чун соли таҷлили солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ба шумор меравад.

Яке аз тадбирҳои фараҳбахши ин ҷашни бошукӯҳ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» буд.

Ин иқдоми навбатии башардӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гардид, зеро қабл аз ин дар солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо пешниҳоди ӯ 12 санади дигари авф қабул гардида, мутобиқи онҳо наздики 100 ҳазор кас аз идомаи адои ҷазо ё ҷавобгарии ҷиноятӣ  озод шуда буданд.

Тибқи санади навбатии авф, наздики 15 ҳазор нафар аз адои ҷазо ё ҷавобгарии ҷиноятӣ  озод шуданд.

Тантанаҳои асосии таҷлили солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 8 – ум ва 9 – уми сентябр дар тамоми гӯшаю канори кишвар ва хусусан дар пойтахти он – шаҳри Душанбе баргузор гардид, то дер дар ёдҳо нақш хоҳад баст. Дар воқеъ пойтахти Тоҷикистони азиз ба истиқболи ин санаи муборак бо биноҳои наву замонавии боҳашамат ва ободонии бешумор қабои пуршукӯҳи идона ба бар карда буд.

Яке аз тантанаҳои марказии ин санаи фархунда Паради ҳарбӣ буд, ки дар он беш аз 10 ҳазор нафар низомиёни кишвар иштирок доштанд.

Мавриди зикри хос аст, ки бори нахуст дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чунин парадҳо низомиён аз кишварҳои хориҷии ба мо дӯсту шарик, аз ҷумла Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Фаронса ва Федератсияи Русия ширкат намуданд.

Тантанаҳои марказии дигари таҷлили 20 – умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони навин, албатта ҷамъомади тантанавӣ дар Кохи Борбад ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе буд.

Соли нави 2012 низ соли саршор аз ҷашну идҳои фархунда ба мисли таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, 15 – солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва 20 – солагии иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олӣ хоҳад буд. Мусаллам аст, ки чунин ҷашну идҳои фархунда бо сиёсати бунёдкорию созандагии Ҳукумати Тоҷикистон тавъам буда,  ба ободонии бештари кишвар ва боло бурдани ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз истиқлолияти давлатии Ватани азиз ва давлатдории миллии тоҷикон мусоидати фаъол мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520