Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4

11.10.2009 19:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 - ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Оғохон оид ба рушд баррасӣ шуд.

Карим Оғохони 4 ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба боздиди худ аз шаҳри Хорӯғ - маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода, дар маҷмӯъ аз натиҷаҳо ва рафти татбиқи барномаю лоиҳаҳои ҳамкории Созмони Оғохон оид ба рушд бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Карим Оғохони 4 ҳавасмандии худро ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520