Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Дания Пер Стиг Меллер

08.10.2009 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Дания Пер Стиг Меллерро ба ҳузур пазируфт.

Дар сӯҳбат масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Дания ва дар маҷмӯъ бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

«Таҳкими равобит бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои муҳим ва стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва мо омодаем бо давлатҳои узви Иттиҳод, аз ҷумла бо Дания робитаҳои гуногунҷанба дошта бошем», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

«Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат мавқеи калидӣ дорад ва мо ба вусъати ҳамкорӣ бо он манфиатдорем», - посух дод Вазири корҳои хориҷии Дания Пер Стиг Меллер.

Масоили вобаста ба пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, ки моҳи декабри соли равон дар як конфронси ҷаҳонии сатҳи олӣ дар пойтахти Дания шаҳри Копенҳаген баррасӣ мешаванд, мавзӯи асосии сӯҳбат буд.

Пер Стиг Меллер иттилоъ дод, ки дар Копенҳаген яке аз ҳамоишҳои Конфронси ҷаҳонии иқлим ба мавзӯи пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо бахшида мешавад, ки барои Тоҷикистон низ бисёр муҳим аст.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба масоили амнияту субот ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо фарогирии Афғонистон сурат гирифт.

Мусоидат ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа аз роҳҳои асосии таҳкиму густариши муносибатҳои судманд маънидод гардид. Таваҷҷӯҳи зиёд ба татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ ва саноатии Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти калони минтақавӣ мебошанд, зоҳир карда шуд.

Вазири корҳои хориҷии Дания аз мавқеи Тоҷикистон оид ба масоили амнияту субот, ҳалли мушкилоти вобаста ба гармшавии иқлим, дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва дигар масоили ҳалталаби минтақавию ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии кишвари худро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла иқтисодӣ бо кишвари мо таъкид намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки моҳи декабри соли равон дар Дания бояд Созишномаи ҷаҳонии Копенҳаген ба имзо расад ва он аз соли 2012 ба баъд ба ҷойи Протоколи Киото оид ба пешгирӣ аз гармшавии иқлими сайёра, ки мӯҳлаташ ба охир мерасад, фаъолият хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520