Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби раиси Девони вақфи шиъии Ироқ Алӣ ал – Хатиб

06.10.2009 10:00, шаҳри Душанбе

Дар мулоқот бо Ноиби раиси Девони вақфи шиъии Ироқ Алӣ ал – Хатиб ва ҳайати ин кишвар масоили ташкил ва густариши ҳамкории ду кишвари дорои муштаракоти зиёди фарҳангӣ баррасӣ шуд.

Алӣ ал - Хатиб ба андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба паҳлӯҳои гуногуни осор ва таълимоти баркамоли Имоми Аъзам, ки дар суханрониаш дар рӯзи аввали симпозиум баён гашта буданд, баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ӯ «ҳанӯз ҳам зери таассуроти неку фараҳбахш аз ин суханронӣ қарор дорад».

Ӯ ҳамчунин аз фазои амну субот дар кишвари мо изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки «Ироқ ба омӯзиш ва ибратбардорӣ аз сиёсати дарҳои кушодаи Тоҷикистон ва таҷрибаи сулҳофарии он барои худ ниёзманд аст».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба ин дархост изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст баҳри истиқрори сулҳу созиш дар Ироқ ҳама донишу таҷриба ва имкону захираҳои худро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад.

Ҳайати Ироқ аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки ба кишвари онҳо ташриф баранд то оромгоҳи Имоми Аъзамро зиёрат намуда, ба роҳандозии ҳамкории барои ҳарду давлат судманд заминагузорӣ кунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520