Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари кулли Фонди "Ким се юк ми"-и Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Узкара

06.10.2009 10:30, шаҳри Душанбе

Дар сӯҳбат бо Роҳбари кулли Фонди "Ким се юк ми"-и Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Узкара масоили ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстӣ баррасӣ шуд.

Меҳмет Узкара иттилоъ дод, ки барои кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон фонди мазкур суратҳисоби алоҳида кушода буд ва 350 ҳазор доллари амрикоии дар он ҷамъшударо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ин маблағ дар сохтмони мактаб дар маҳаллаи нави барои зарардидагон бунёдёбанда равона мегардад.

Меҳмет Узкара ҳамчунин иттилоъ дод, ки фонди мазкур пештар ба маблағи 70 ҳазор доллари амрикоӣ ба ин зарардидагон маводи хӯрока фиристода буд ва омодагии худро баҳри ҳамкории минбаъда ва кӯмак ба корҳои созандагӣ низ таъкид намуд.

Мусоҳибон ҳамчунин аз ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла баҳри омӯзишу пайравӣ аз таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Имоми Аъзам низ изҳори қаноатмандӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520