Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Имоми Акбари Донишгоҳи ал - Азҳари Ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантовӣ

06.10.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Баъди анҷоми Симпозиуми байналмилалии «Имоми аъзам ва ҷаҳони муосир» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Имоми Акбари Донишгоҳи ал - Азҳари Ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантовиро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Муҳаммад Тантовӣ оид ба ҷараён ва паёмадҳои мунтазираи ин ҳамоиши бузурги илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Шайх Муҳаммад Тантовӣ ба шакли кӯтоҳ ин ҳамоишро «як анҷумани адлу инсоф, ҳимоя аз аъмоли ҳақ ва эҳёи хотираи неку таълимоти омӯзандаи шахсиятҳои бузурги гузашта» арзёбӣ намуд.

Ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри эҳёи арзишҳои волои бостонии худ, аз ҷумла 5 маротиба ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси хонандагон гаштани Қуръони Карим ва ҷорӣ намудани таълими алифбои ниёгон дар мактабҳо баҳои баланд дода шуд.

Шайх Муҳаммад Тантовӣ бори дигар таъкид намуд, ки Донишгоҳи ал - Азҳар омода аст барои омӯзондани кадрҳои муассисоти таълими динӣ ва дунявии Тоҷикистон ҳамаи имконоти худро дастрас намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520