Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Швейтсария хонум Мишлин Калми Рей

06.10.2009 12:40, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Сомони қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Швейтсария хонум Мишлин Калми Рейро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои мададрасон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Тоҷикистон омода аст барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Швейтсария дар ҳамаи бахшҳо - сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тамоми кӯшиши лозимаро ба харҷ диҳад».

Хонум Мишлин Калми Рей изҳор дошт, ки «Швейтсария ҳам кишвари болооб мебошад ва омода аст, ки ба Тоҷикистон дар муҳокима ва ҳалли масоили баҳсталаби обӣ дар минтақа кӯмак расонад».

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Швейтсария соли оянда дар ташкил ва гузарондани Конфронси байналмилалии об дар шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Хонум Мишлин Калми Рей ҳамчунин таъкид дошт, ки Швейтсария фаъолияти худро баҳри намояндагӣ ва пуштибонӣ аз манфиатҳои Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат минбаъд низ идома ва густариш хоҳад дод.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520