Дар мулоқот бо намояндаи воломақоми Арабистони Саудӣ- Дабири кулли созмони байналмилалии ҳифзи Қуръон Абдулло Басфар масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Абдулло Басфар аз баргузории симпозиуми имрӯза ва нақши Тоҷикистон дар бузургдошти шоистаи Имоми Аъзам арзи хушнудӣ намуда, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон салому паём ва қадрдонии подшоҳи Арабистони Саудиро расонд.
Ӯ таъкид дошт, ки симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам майдони хубе шуд, барои муаррифии таълимоти таҳаммулпазирӣ ва дини тарғибгари дӯстию ҳамкорӣ ва гуфтугӯйи миёни тамаддунҳо будани Ислом.
Абдулло Басфар иттилоъ дод, ки дар ин сафар ӯро як гурӯҳ соҳибкорону бозаргонони кишвараш низ ҳамроҳӣ мекунанд ва изҳори боварӣ намуд, ки ин симпозиум ҳамчунин оғози хубе мешавад барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе бояд сафорати Арабистони Саудӣ ва як маркази ҳифзи Қуръон кушода шаванд.