Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Имоми Акбари Донишгоҳи ал- Азҳари шарифи Ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантови

05.10.2009 15:30, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Имоми Акбари Донишгоҳи ал- Азҳари шарифи Ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантовиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории илмию фарҳангӣ ва омӯзишии Тоҷикистону Миср гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Шайх Муҳаммад Тантовӣ салому паём ва таҳниятҳои самимии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборакро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, изҳор дошт, ки аз тадбирҳои бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам роҳандозӣ намудаи Тоҷикистон зери таассуроти фараҳбахш қарор дорад.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки ба кишварҳои зиёди ҷаҳон сафар намудааст, вале ҳеҷ гоҳ ягон роҳбари давлатро надидааст, ки бо чунин самимият на бо забон, балки бо қалби худ сухан гӯяд ва аз манфиатҳои мусулмонони ҷаҳон пуштибонӣ намояд.

Шайх Муҳаммад Тантовӣ ба дархости ҷониби Тоҷикистон баҳри омода кардани мутахассисони варзида барои Донишгоҳи ояндаи исломии кишвар, ки санги асосаш имрӯз бо масҷиди бузурги ҷомеъ гузошта шуд, чунин посух дод: «Донишгоҳи ал- Азҳари шариф омода аст ҳар гуна дархости Тоҷикистони дӯсту ташаббускорро бо камоли масъулият ва аз дилу ҷон иҷро намояд».

Ӯ ҳамчунин аз андешаҳои пешқадами Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ривоҷи фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз тундравию низоъхоҳӣ пуштибонӣ намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи ал- Азҳар ҳамеша ҷонибдори дӯстию рафоқат ва ҳамкорию гуфтугӯйи судовари ҳамаи фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳон аст.

Ӯ ҳамчунин аз оромию суботи имрӯзаи Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, аз худованди таоло дуо намуд, ки кишвари моро ба пешрафту шукуфоӣ ва рифоҳу осудагии боз ҳам бештар муваффақ гардонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520