Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс

02.10.2009 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс эътимоднома қабул намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо сафири нав, ки баъди маросими қабули эътимоднома сурат гирифт, аз «авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон» будани муносибот бо Амрикоро таъкид намуд.

Кеннет Гросс изҳор дошт, ки «сафорати Амрико баҳри тавсиаи бештари ҳамгироии ду кишвар ва истифода аз имкону захираҳои фаровон ҷаҳду кӯшиш ба харҷ медиҳад».

Аз сатҳи ҳамкории сиёсиву амниятии ду кишвар ва судоварии робитаҳои мустақими миёни сохторҳои дипломатӣ, низомӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон бинобар нақши муҳимаш дар таъмини амнияти минтақавӣ ба кӯмакҳои бештари Амрико ва дигар кишварҳою созмонҳои мададрасон ниёз дорад.

Зикр гардид, ки сармоягузории васеъ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри азхуднамоии захираҳои гидроэнергетикии он метавонад ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими амнияту субот дар Афғонистон ва кулли минтақа низ суди зиёд оварад.

Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, маориф ва илму техника ҳам таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520