Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

07.07.2012 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015” ва татбиқи амру фармонҳо ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафарҳои кориашон ба ин минтақа бармеояд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин дастур дод, ки барои рафти оқибатҳои обхезиҳо ва ярчу сангрезӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Дастур дода шуд, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ ва таъмини техникаи нав ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маблағ ҷудо карда шавад.

Сарвари давлат ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ баҳри тезонидани корҳои сохтмонӣ аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву тандурустӣ, вусъати минбаъдаи корҳои созандагию ободонӣ, бунёди пулу роҳҳо, 6 нерӯгоҳҳои хурди барқию обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дастуру супоришҳо дод.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои омодагӣ ба фасли зимистон муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо сӯзишворӣ таъмин карда шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520