Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

07.07.2012 11:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маорифи кишвар ва Гвардияи миллиро, ки ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ”, Директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе, Сардори Маркази тайёрии кадрҳо, Командири Бригадаи махсуси комендантӣ ва Сардори Раёсати кор бо ҳайати шахсӣ ва кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин гардиданд.

Қобили таъкид аст, ки Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе аз ду бинои таълимӣ барои 1100 ҷойи нишаст, ду бинои хобгоҳ барои 820 ҷой, як бинои истиқоматии хизматии 28 ҳуҷрадор барои муаллимон, ошхона, толори маҷлисгоҳ, ду толори варзишӣ, варзишгоҳ, бинои дегхона, ҳаммом, ва зеристгоҳи барқӣ иборат аст.

Дар биноҳои таълимӣ 84 синфхона, 2 китобхона, 9 синфхонаи компютерӣ, 7 кабинети лингофонӣ, 4 озмоишгоҳи химиявӣ, 5 озмоишгоҳи физика, 3 озмоишгоҳи биология, 11 кабинети лексионӣ, 2 толори маҷлисгоҳ, 1 кабинети нақшакашӣ ва дигар кабинетҳои таълимӣ ва ёрирасон пешбинӣ гардидааст.

Тибқи оиннома таҳсил дар муассисаи таълимии номбурда ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар муассисаи мазкур таҳсил аз рӯи нақша, барнома ва китобҳои дарсии Донишгоҳи Оксфорди Англия ба роҳ монда мешавад.

Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520