Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими шиносонии лоиҳаи як масҷиди бузург, ки сохтмонаш моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, иштирок намуд.
Зикр гардид, ки масҷиди мазкур бо маблағгузории Амири Давлати Қатар аз ҷониби ширкати сохтмонии Аднан Сафаринии Амороти Муттаҳидаи Араб дар муддати 5 соли оянда бунёд хоҳад ёфт. Мутобиқи лоиҳа дар дохил ва долонҳою атрофи масҷид дар як вақт то 150 ҳазор нафар метавонанд намоз хонанд. Танҳо дар толори асосии намозхонӣ барои 50 ҳазор нафар ҷой омода хоҳад шуд.
Ин масҷиди бузург дар майдони 7,5 гектар замин ҷойгир шуда, иборат аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо хоҳад буд. Атрофи масҷид бо манораи боҳашамат, 7 сутуни зебои мунаққашу мусаввар, ки рамзи ҳафт қабати замину осмон ва ҳафт дарвозаи биҳиштанд, кӯл ва фаввораҳои зиёд, ки аз кишвари обҳои софу зулол будани Тоҷикистон башорат медиҳанд ва бисёр унсурҳои дигари ороишию фарҳангӣ оро дода мешавад.
Замини зери бино шакли харитаи Тоҷикистонро бо худ таҷассум хоҳад дод, ки яке аз пешниҳодҳо ва талабҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз меъморону тарроҳони лоиҳа аст.
Ҳамчунин қобили таъкид аст, ки бо пешниҳоду маслиҳатҳои мушаххаси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, аз ҷумла дар тарҳи умумии биноҳо, манораи олӣ, нақшу нигори деворҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд.
Бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи масҷиди мазкур ҳамчунин як донишгоҳи бузурги исломӣ бунёд хоҳад ёфт.
Умуман ин на танҳо як масҷид балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда шаванд, аз ҷумла саммитҳои сарони давлатҳо.