Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон Ричард Холбрук

23.09.2009 23:00, шаҳри Душанбе

Дар бинои Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон Ричард Холбрукро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико оид ба Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон «таҳкими пояҳои иҷтимоии ҳукумати кишвар ва эҳтироми манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳо ва ҷунбишҳои сиёсии он бисёр муҳим аст».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз шиддат гирифтани вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ин кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки «дар Афғонистон бояд артиш ва хусусан полиси воқеан қобили амал ташкил ёбад, то тадриҷан тавонанд масъулияти амнияти кишварро ба ӯҳдаи худ бигиранд».

«Ҳамчунин ба эҳёи иқтисодии кишвар бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуд, то мардуми Ағонистон ба рӯзгори ободи беҷанг ва бидуни маводи мухаддир боварӣ пайдо намоянд», афзуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва изҳор дошт, ки «Тоҷикистон омода аст чун кишвари ҳаммарз ва ҳамзабони мардуми Афғонистон дар барқарорсозии иқтисодиёти он саҳми намоёни худро гузорад».

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520