Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

18.09.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва олимону ходимони намоёни соҳаи илму фарҳанг оид ба омодагӣ ба ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам, иди саиди Фитр ва ба зимистони пешомад машварати корӣ доир намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам ва симпозиуми байналмилалии бахшида ба ин мавзӯъ ҳисоботи Муовини раиси Кумитаи тадорукоти ҷашн-Муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ва роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои дахлдорро шунида, ба масъулин оид ба омодагии ҷиддӣ ва дар сатҳи баланди илмию ташкилӣ гузарондани ин чорабинии муҳими илмию фарҳангӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Зимни машварат, аз ҷумла таъкид гардид, ки то имрӯз барои иштирок дар симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам беш аз 500 нафар олимону ходимони намоёни илму фарҳанги ҷаҳони ислом қариб аз 50 кишвари дунё номнавис шудаанд.

Дар масъалаи омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи асосӣ ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва захира намудани озуқаворӣ ва маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ ва ангишт зоҳир карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имсол бори нахуст қисмате аз пойтахт бо гази табиии худӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таъмин мегардад.

Дар мавриди гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф таъкид гардид, ки бо ин кор истеъмоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 60-70% кам гашта, таъминоти мардум дар фасли зимистон бо барқу гармӣ хеле беҳтар мешавад. Бо назардошти ин бори дигар таъкид гардид, ки фитри рӯза на бо пардохти пул, балки бо хариди лампаҳои каммасраф ва додан ба оилаҳои камбизоат анҷом дода шавад, «зеро ин на кӯмаки яквақта, балки ёрии дарозмуддат ба эҳтиёҷмандон мешавад», изҳор дошт Сарвари давлат.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷамъомадро бори дигар бо арафаи иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, онҳоро ба анҷом додани корҳои хайру савоб ва кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520