Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

12.09.2009 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони мақомоти судии кишварро баҳри озод ва таъин намудан ба вазифаҳои пурмасъулияти соҳа ба ҳузур пазируфт.

Аз ҷумла Умед Бобоев бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Субҳиддин Баҳридинов муовини дирекотори ҳамин марказ таъин гардиданд. Бояд таъкид намуд, ки ҳардуи онҳо олимони шинохтаи бахши ҳуқуқшиносии малакат мебошанд.

Ҳамчунин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар ба вазифаҳои судя ва роҳбарони мақомоти судӣ таъин шуданд. Аз онҳо 15 нафар кадрҳои ҷавони соҳа мебошанд, ки баъди гузаштани муҳлати яксолаи таҷрибаомӯзӣ дар вазифаи коромӯз-судя бори нахуст ба вазифаи судя таъин карда мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат онҳоро ба таъмини адолати судӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ҳидоят намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки вазифаи судя натанҳо баровардани ҳукми суд, балки ҳамчунин иштирок дар тарғиби тарзи ҳаёти бенуқсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки баҳри ба роҳ мондани курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар ва ҳамчунин оид ба омода кардани ҳуқуқшиносони сатҳи байналмиллалӣ тадбирҳои судбахш андешанд. Таъкид гардид, ки судяҳо донишу малакаи худро бояд ҳамчунин бо истифода аз имконоти Интернет ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ такмил диҳанд.
Дар сӯҳбат бо чанд нафар аз судяҳои ҷавони бори аввал ба ин вазифа таъиншуда маълум гашт, ки онҳо аз фаъолияти яксолаи коромӯзӣ дар вазифаи коромӯз-судя хеле баҳраманд гаштаанд ва дастуру ҳидоятҳои имрӯзаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар кору фаъолият ва такмили минбаъдаи ихтисосашон мавриди баҳрабрдорӣ қарор медиҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520