Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

14.09.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои ҳалталаб бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар мавриди омодагӣ ба зимистон, ки аз масъалаҳои асосии машварат буд, таваҷҷӯҳ бештар ба таъмини мардум ва корхонаю муассисаҳо бо нерӯи барқ, газ, гармӣ ва маводи ғизоӣ дар фасли сармо зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки барои иҷрои ин ҳадафҳо бояд ба қадри кофӣ ангишт, гази моеъ, мазут, дигар маводи сӯхт ва озуқаворӣ захира карда шавад, хусусан барои эҳтиёҷоти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор гузориш доданд, ки то якуми октябр нақшаи захираи маводи мазкур барои зимистон пурра иҷро мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иҷрои пурра ва саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» қатъиян талаб намуда, таъкид дошт, ки то якуми октябри соли равон бояд гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасраф дар тамоми қаламрави кишвар таъмин гардад.

Аз роҳбарон ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, вазорату идораҳо ва ҳамаи ходимони давлатӣ талаб карда шуд, ки фитри рӯзаро на бо пардохти пул, балки бо хариди лампаҳои каммасраф ва додан ба оилаҳои камбизоат ба ҷо биёранд.

Ҷалби бештари олимону ходимони дин, кормандони маркази исломшиносӣ, имом – хатибони масҷидҳо ва шӯроҳои уламои дин ба тарғибу ташвиқи фарҳанги сариштакорӣ ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ зарур шумурда шуд, аз ҷумла дар масъалаи гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва аҳамияти он ҳам ба буҷети оила ва ҳам ба саломатии инсон.

Ба масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили пахта, меваю сабзавот, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ, захираи маҳсулоти озуқаворӣ ва тухмии хушсифат аз дохили кишвар низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид.

Дастур дода шуд, ки дар пойтахт ва марказҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамарӯза то рӯзи иди саиди Фитр намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзон ташкил карда шавад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки кӯмакҳои хайрия бояд, пеш аз ҳама ба ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон раво дониста шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба рафти омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалӣ оид ба бузургдошти Имоми Аъзам, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои дар сатҳи баланди илмию маърифатӣ гузарондани он ба масъулин дастуру ҳидояҳо дод.

Дар машварат ҳамчунин масоили ҷамъбасти нишондодҳои фаъолияти 9 – моҳаи хоҷагии халқи мамлакат, иҷрои буҷети давлатии соли равон ва таҳияи буҷет барои соли оянда ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520