Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими шиносонии лоиҳаи сохтмони як силсила биноҳои замонавӣ

27.08.2009 19:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими шиносонии лоиҳаи сохтмони як силсила биноҳои замонавӣ, ки дар соҳили ҷанубии кули Ҷавонони пойтахт бунёд хоҳанд ёфт, иштирок намуд.

Чунонки маълум шуд, дар ин ҷо аз ҷониби ширкати «Қатарӣ Диёр-Тоҷикистон» бо номи Диёри Душанбе маҷмааи як қатор биноҳои нав бо тарҳу намои замонавӣ бунёд хоҳанд ёфт. Маҷмаа дар майдони 6,8 гектар доман паҳн намуда, ин мавзеъро ба як шаҳраки зебои муосир табдил хоҳад дод.

Маҷмааи Диёри Душанбе аз биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ, меҳмонхонаи 5-ситорадор, марказҳои корӣ ва маъмурию тиҷоратӣ, тарабхона, қаҳвахона ва чойхона, мактаб ва боғчаи кӯдакон ва ҳамчунин аз гулгашту сайргоҳҳои дилнишин иборат хоҳад буд. Дар ин ҷо 5 бинои аз 10 то 16 – қабатаи истиқоматӣ бунёд меёбанд, ки иборат аз 331 хона хоҳанд буд. Меҳмонхона дорои 128 утоқи зист, толори маҷлисии иборат аз 400 то 600 ҷойи нишаст, тавақӯфгоҳи мошинҳо хоҳад шуд ва бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зербинои он ҳамчунин марказҳои тиббию солимгардонӣ ва фароғати муштариён низ бунёд меёбанд.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди биноҳо ҳамчунин унсурҳои меъмории миллии тоҷикӣ ва дастовардҳои муосири технологияҳои сохтмонӣ истифода хоҳанд шуд.

Лоиҳаи сохтмони маҷмааи мазкур харҷи 150 – 180 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои ширкати «Қатарӣ Диёри Тоҷикистон» - ро пешбинӣ менамояд.
Сохтмони биноҳо, тибқи мувофиқа, аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон анҷом меёбад. Дар бунёди биноҳои маҷмааи номбурда қариб 600 нафар бинокорони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд. Баъди ба кор шурӯъ намудани меҳмонхона ва дигар иншооти ҷамъиятӣ дар онҳо барои беш аз 300 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё хоҳанд шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки қатарӣ Диёр яке аз ширкатҳои сохтмонии Давлати Қатар буда, бо имкониятҳои фарохи молиявӣ ва корҳои хушсифату босуръати худ обурӯю эътибори баланди ҷаҳонӣ дорад ва мувофиқахо барои ҷалби ин ширкат ба Тоҷикистон дар сатҳи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва шайх ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ ба даст омада буданд.

Ба иттилои раиси кулли он Ғаним ибн Саад ас-Саад ширкати қатарӣ Диёр дар 35 давлати ҷаҳон лоиҳаҳои сармоягузорӣ дорад, вале ба ин лоиҳа, ба гуфти ӯ, Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ таваҷҷӯҳи хос дорад.

Таъкид гардид, ки сохтмони ин биноҳо моҳи сентябри соли равон оғоз ёфта, дар якҷоягӣ бо бинои як бонк ва сафоратхонаи Давлати Қатар дар мӯҳлати ду соли оянда, то ҷашни 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода супурда мешаванд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин танҳо оғози ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва бунёдкорӣ миёни Тоҷикистону Қатар аст.

Зимни сӯҳбатҳо дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фароху умедбахш арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520