Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаев

06.08.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Қадирбек Сарбаевро, ки барои иштирок дар нахустин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

«Қирғизистон барои Тоҷикистон дӯсти содиқ ва шарики боэътимод аст, ки бо он моро ҳазорон риштаҳои ногусастании дӯстӣ ва ҳамсоягии накӯи бисёрасра пайванд месозанд», изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва пайвастагии робитаҳо, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки корҳо барои омода кардани ҷаласаи якуми Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки бояд дар сатҳи сарони давлатҳо сурат бигирад, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Таҳкиму густариш додани ҳамгироӣ баҳри рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёту роҳсозӣ, гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ ва таъмини амнияту субот аз самтҳои асосии муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя маънидод гардид.

Ҳарду ҷониб устувории мавқеи худро баҳри пайвастани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди ду кишвар ба шабакаҳои барқию нақлиётии Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Шарқӣ аз тариқи кишварҳои Чин ва Афғонистону Покистон бори дигар таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520