Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

05.08.2009 17:00

Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расиданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил", «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои ба имзорасида пеш аз ҳама ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати шахсони ҳуқуқӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, такмили қонунгузории ҷорӣ ва тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, танзиму таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шуда, барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520