Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроия ва Роҳбари Хазинаи ҷаҳонии экологӣ Моника Барбутро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мақому мартаба ва натиҷаҳои фаъолияти хазина баҳои баланд дода изҳор намуд: «Тоҷикистон баҳри беҳсозии вазъи экологии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ ба рушди ҳамкорӣ бо Хазинаи ҷаҳонии экологӣ манфиатдор аст».
Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкорӣ бо Хазинаи ҷаҳонии экологӣ, ки ҳанӯз солҳои аввали ба истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон оғоз гардида буд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки то ҳол ҳамкорӣ асосан дар сатҳи таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист ва ҳамгироӣ бо созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад ва имрӯз вақти гузаштан ба таҳия ва татбиқи барномаҳои мушаххас баҳри беҳсозии вазъи экологии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ фаро расидааст.
Мусоидат ба ҳифзи пиряхҳои бузург аз обшавии аз меъёр зиёд, нигоҳдории ҷангалҳо ва васеъ намудани майдони онҳо, наҷоти минтақаи атрофи баҳри Арал аз паҳншавии биёбонҳои намакӣ ва безараргардонии партовҳои радиоактивӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии рушди минбаъдаи ҳакорӣ маънидод гардид.
Ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.