Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

28.05.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кохи Ваҳдати пойтахт ба муносибати солгарди 15 - уми таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳайатҳои роҳбарӣ ва фармондеҳии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат мулоқот намуд.

Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 15 - уми таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат бо ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва суруда шудани Суруди Миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳли толор ва тамоми марзбони Тоҷикистонро бо солгарди 15 – уми таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат ва бо Рӯзи сарҳадбонон табрику таҳният гуфта, дар аввал аз гузаштаи 15 - солаи ин шохаи Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар нақши шоиста дорад, ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат чун дигар навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои басо вазнину тақдирсози таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бе заминаи зарурии моддию техникӣ ташкил шуда, сарфи назар аз ҳама мушкилот дар ҷараёни солҳои таҳкиму устуворгардонии пояҳои давлатдории мустақили миллӣ хеле обутоб ёфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нақши сарҳадбонони Россия дар солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ёдовар шуда, ба онҳо барои кӯмаки арзандаашон дар ин кори муҳим ва дар ташаккули Қӯшунҳои сарҳадии кишвари мо ва тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳа арзи сипос кард.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз соли 2005 ба ин сӯ масъулияти ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон бар зиммаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон вогузор шуд ва масъулияти ҳайати шахсии онҳо ҳамчун ҳомиёни марзу буми Ватани аҷдодӣ ва кишвари соҳибистиқлоли худ даҳчанд афзуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ғамхориҳои давлату ҳукумат ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар зарфи 10 соли охир маблағгузории ин соҳа 33 баробар афзун шуд ва бо дарназардошти мушкилоти хизмати марзбонон музди меҳнати онҳо нисбат ба дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ 1,3 баробар зиёд муқаррар гаштааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва ҳамчунин сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор намуд, ки ба масъалаои таҳкими заминаҳои моддиву техникии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ, тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ ва мукаммал гардонидани сафи қушунҳо бо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат, ватандусту ватанпараст, инчунин ба давлат ва миллати худ содику вафодор аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Таъкид гардид, ки баҳри пешгирӣ намудани ҳама гуна ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, гардиши гайриқонунии маводи мухаддир ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаи хизмати ҳарбӣ чораҳои иловагӣ андешида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сафармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон бо тазаккур аз қаҳрамонию ҷонфидоии абармардони гузаштаи миллати тоҷик чун Куруши Кабиру, Дорои Бузург, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Абумуслими Хуросонӣ, Тоҳир ибни Ҳусайн, Яъқуби Лайс ва Темурмалик тамоми муҳофизони марзу буми Ватанро ба ифтихору сарфарозӣ ва давлатдории миллӣ ва иҷрои сарбаландонаи рисолати касбии худ -таъмини амнияти давлат, пуштибонии истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва оромии авзои кишвар ҳидоят намуд.

Баъди анҷоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сафармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ чун рамзи шарафи ҳарбӣ ва далерию шуҷоат Байрақи ҳарбӣ тақдим намуд, ки он ҳар як афсару сарбозро ба арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва ба адои садоқатмандонаи хизмати модар - Ватан ва ҳифзи сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон водор мекунад.

Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 15-уми таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат бо намоиши консерти бошукуҳи идона ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520