Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 нафар сарҳадбонон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

27.05.2009 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 15 - солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат ба як гурӯҳ афсарону сарбозони ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 нафар афсарону сарбозони марзбон, ки дар адои қарзи фарзандӣ дар назди халқу Ватан хизматҳои арзанда кардаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гаштанд.

Аз ҷумла ду нафар афсарони баландпоя – Саймудин Мирзоев ва Ҳикматулло Пираков ба гирифтани ордени Спитамен дараҷаи 2 мушарраф шуданд.

Афсарону сарбозони дигар бо медалҳои Ҷасорат ва Марзбони шуҷои Тоҷикистон сарфароз гаштанд. Аз онҳо Шӯҳрат Абдуллоев, Бахтиёр Худоёров ва Абдураҳим Намозов сарбозони қаторӣ мебошанд, ки дар сарҳади давлатӣ қочоқчиёни хатарнокро дастгиру безарар намуда, аз онҳо ҳаҷми зиёди маводи мухаддирро ошкору мусодира кардаанд.

Ба се нафар марзбононе, ки ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ шарафмандона ҳалок гаштаанд, мукофоти давлатӣ баъд аз марг муқаррар шудааст ва он ба волидону пайвандонашон супурда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нафарони бо мукофотҳои давлатӣ мушаррафгаштаро бори дигар бо ин сарафрозӣ ва бо 15 - солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати садоқатмандона баҳри ҳифзи марзу буми Ватан, манфиатҳои давлату миллат ва таъмини амнияту суботи кишвар ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520