Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари гурӯҳи ваколатдори Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг

12.05.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари гурӯҳи ваколатдори Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро, ки барои иштирок дар конфронси навбатии кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байналмилалии асъор барои таъин намудани 116 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистон, ки 40 миллионаш соли равон ҷудо мегардад, арзи сипос кард ва ҳамчунин аз дастгирӣ ёфтани дархости Тоҷикистон оид ба зиёд намудани ҳаҷми кӯмакҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.

Аксел Шиммелпфенниг изҳор дошт, ки баъди мушоҳидаи натиҷаҳои кунунии Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи байналмилалии асъор амалӣ мегардад, аз моҳи сентябри соли равон хазина метавонад кӯмаки дуюми молиявии худро дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намояд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба роҳҳои дигари кӯмакрасонӣ ба Тоҷикистон, ҳаллу фасли қарзҳои хочагиҳои пахтакор, беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ дар кишвар ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯ намуданд.

Таъкид гардид, ки оид ба муайян намудани ҳаҷми кӯмакҳои нави молиявию техникӣ ба Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва баҳри татбиқи босамари барномаю лоиҳаҳои имрӯзаю оянда гуфтугӯҳои судманд пагоҳ – 13 май дар мулоқоти роҳбарони сохторҳои дахлдори кишвар бо намояндагони созмонҳою кишварҳои мададрасон сурат мегирад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520