Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири фавқулодда ва мухтори Австралия дар Тоҷикистон Маргарет Эйлин Туми

23.04.2009 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири фавқулодда ва мухтори Австралия дар Тоҷикистон Маргарет Эйлин Туми эътимоднома қабул намуд.

Зимни сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Маргарет Эйлин Туми масоили ҳамкории Тоҷикистону Австралия баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Австралия ҳамчунин метавонанд робитаҳои густурдаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дошта бошанд.

«Мубодилаи тиҷоратии миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли гузашта наздики 35 миллион доллари амрикоро ташкил дод, нишона аз имконоти васеи рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Австралия аст», - изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Мусоҳибон баҳри тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Дар мулоқот атрофи авзои кунунии Афғонистон ва мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520