Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлу

22.04.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар партави сафари пешомади Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.

«Мо аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия ва рушди пайвастаи онҳо қаноатмандем», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки натиҷаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ба имкону захираҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд.

Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари пешомади Президенти Туркия Абдулло Гул ба Тоҷикистон таконбахши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар хоҳад шуд.

Ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, роҳҳои оҳану мошингард, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва муассисаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ва рушди туризм дар Тоҷикистон барои ҳарду ҷониб судовар хоҳанд буд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи имконоти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520