Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ватикан дар Тоҷикистон Мигел Маури Буендиа эътимоднома қабул намуд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво, ки миёни онҳо баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Мигел Маури Буендиа оид ба ҳамкории Тоҷикистону Ватикан гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Сӯҳбат асосан атрофи мавзӯъи гуфтугӯи миёни дину тамаддунҳои гуногуни ҷаҳон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон сурат гирифт. Ғояҳои сулҳ, накукорӣ ва адолат, ки аз ҷониби намояндагони тамоми дину фарҳангҳо мавриди арҷгузорӣ қарор мегиранд, аз омилҳои асосии дӯстию ҳамкории миёни халқҳои гуногун ва эҳтирому таҳаммулпазирӣ маънидод гардид.
Таъкид карда шуд, ки эътиқоди динӣ ва ҳамкории намояндагони дину мазҳабҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама бояд ба мубориза бо чунин хатару мушкилоти аҳли башар чун терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин ба дастгирии бенавоёну муҳтоҷон равона гардад.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон намояндагони тамоми динҳои ҷаҳонӣ озодона кору зиндагӣ карда, маросимҳои динию эътиқодии худро бемониа анҷом медиҳанд, аз ҷумла ибодаткунандагони 3 муассисаи мавҷудаи Калисои римӣ-католикӣ.