Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Ассамблеяи парлумонии Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) – ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз раванди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи «Шарикӣ баҳри сулҳ» ва Нақшаи инфиродии ҳамкорӣ бо НАТО бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамроҳшавии пешомади Тоҷикистон ба барномаи «Банақшагирӣ ва ҷараёни таҳлил» низ василаи хуби рушди ҳамкориҳои минбаъда хоҳад шуд».
Намояндагони Ассамблеяи парлумонии Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар навбати худ изҳор доштанд: «Мо нақши эътидоловарии Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ басо арзишманд мешуморем ва ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар мавриди Афғонистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунем».
Онҳо ҳамчунин изҳор доштанд: «Мо он мувозинатеро, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои худ бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои ҳамсояи худ риоя мекунад, пурарзиш ва ибратбахш медонем».
Зимни суҳбат оид ба пешниҳодҳо баҳри дар Тоҷикистон кушодани ниҳодҳои минтақавии НАТО чун Маркази махсус оид ба мубориза бо терроризм ва Маркази наҷотдиҳӣ аз ҳолатҳои фавқулодда гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Густариши робитаҳои Ассамблеяи Парлумонии НАТО бо Маҷлиси Олии Тоҷикистон воситаи хуби рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва таъмини заминаи ҳуқуқии он маънидод гардид.
Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба дастгирии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва тоза кардани сарҳади давлатӣ бо Афғонистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда анҷом дода шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамгироиҳои вобаста ба Афғонистон изҳор дошт: «Амалиётҳои низомӣ дар Аф?онистон бояд бо муборизаи беамон бар зидди истеҳсоли маводи мухаддир ва ҳамчунин бо татбиқи васеи барномаҳои иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар ягонагӣ сурат гиранд, зеро бе бартараф сохтани монеаҳои вобаста ба ин масъалаҳо раванди сулҳ муҳлати тӯлонӣ ва масрафи зиёд мехоҳад».
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт: «НАТО чун ҷузъи муҳими нерӯҳои таъмини сулҳ дар Афғонистон бояд бо мамолики ҳамсоя, хусусан бо Тоҷикистон, ки дар Осиёи Миёна бо ин кишвар сарҳади аз ҳама тӯлонӣ дорад, ҳамкории фаъолонаро ба роҳ монад» ва таъкид намуд, ки татбиқи босамари лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон низ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.