Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Руминия дар Тоҷикистон Емил Рапча

21.04.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Руминия дар Тоҷикистон Емил Рапча эътимоднома қабул намуд.

«Тоҷикистон ба барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла Руминия манфиатдор аст», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбаташ бо сафири нави ин кишвар, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ баргузор гашт.

Емил Рапча дар навбати худ изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дӯсти хуб ва шарики боэътимоди Руминия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст» ва афзуд, ки «Тоҷикистон дар кишвари ӯ чун пул ё пайвандгари Аврупо бо Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шинохта шудааст».

Ба гуфти Емил Рапча, роҳбарият ва мардуми Руминия аз талошҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими амнияту субот ва эҷоди фазои хуби ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хуб огоҳӣ доранд ва нақши Тоҷикистонро дар ин минтақа баланд арзёбӣ мекунанд.

Дар мулоқот оид ба имконоти рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Руминия гуфтугӯ сурат гирифт.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истеҳсоли мебел, кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва пашму пӯст, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва ғайра барои ҳарду ҷониб судовар маънидод гардид.

Емил Рапча иттилоъ дод, ки ба наздикӣ Вазири тиҷорати Руминия бо гурӯҳи калони соҳибкорони ин кишвар ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард ва ҳадафи онҳо ташкил ва густариш додани ҳамкориҳои иқтисодӣ- тиҷоратӣ аст.

Дар робита ба ин таъкид гардид, ки вазифаи асосии сохторҳои дахлдори ду кишвар дар марҳилаи кунунӣ эҷоди заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкорӣ мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520