Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Ниллен

21.04.2009 11:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Ниллен эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Стефан Ниллен, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ баргузор гашт масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «аз сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар» изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин кор ба саҳми Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд баҳои баланд дод.

Стефан Ниллен изҳор дошт, ки «Швейтсария бо Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб муносибатҳои хуби стратегӣ дорад ва мо ба таҳкиму тавсиаи чунин муносибатҳо манфиатдорем».

Кӯмакҳои Ҳукумати Швейтсария дар татбиқи барномаю лоиҳаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, фарҳанг ва дар гузарондани чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ намоён арзёбӣ гардид.

Ғайр аз ин аз фаъолияти созмони ғайриҳукуматии КАРИТАС ва Хазинаи Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо қаноатмандӣ зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Швейтсарияро ҳамчунин «яке аз шарикони намоёни тиҷоратии Тоҷикистон дар Аврупо» номида, таъкид дошт, ки «имкону захираҳо барои боз ҳам баланд бардоштани ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот хеле зиёд аст».

Стефан Ниллен аз омодашавии созишномаи дуҷониба дар бораи ҳифзи сармоягузорӣ ва канорагирӣ аз андозбандии дукарата ёдоваршуда, иттилоъ дод, ки Швейтсария омодааст ҳамкориро бо сохторҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт, аз ҷумла баҳри истеҳсоли муштараки маҳсулоти саноатӣ густариш диҳад.

Иштироки доираҳои тиҷоратию соҳибкории Швейтсария ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикситон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, азхуднамоии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва туризм аз самтҳои судбахши ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар маънидод карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520