Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири фавқулодда ва мухтори Малайзия дар Тоҷикистон Абдулазиз ибн Ҳарун

20.04.2009 11:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Малайзия дар Тоҷикистон Абдулазиз ибн Ҳарун эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ, ки баъди маросими супурдани эътимоднома баргузор гашт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Малайзия баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз «сатҳи баланди эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ», ки миёни роҳбарияти олии Тоҷикистону Малайзия ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро баҳри густариши ҳамкории гуногунҷанба бо ин кишвар таъкид намуд.

Таҳкиму тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, технологӣ, илмию фарҳангӣ ва иттилоотӣ зарур шумурда шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзию туризм, дар самти сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ, корхонаҳои муштараки саноатӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва василаҳои барқӣ, ҳамчунин матоъҳои пахтагин ва абрешимин аз роҳҳои густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судовар маънидод гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчуби Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Абдулазиз ибн Ҳарун дуруду паёми Шоҳ ва Сарвазири Малайзияро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, ӯро аз номи онҳо даъват намуд, ки ба Малайзия сафари давлатӣ анҷом диҳад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520