Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов

18.02.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимовро, ки дар раъси қисмати ӯзбекистонии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамзамон бо ин Комиссия дар Душанбе ҳайати байниҳукуматии ду кишвар оид ба баррасии масоили сарҳади давлатӣ низ иҷлоси худро баргузор намудааст, ки ҳамин тариқа дар доираи фаъолияти ин ду комиссия куллияи масоили дуҷониба баррасӣ шуданд.

Дар мулоқоти Сарвари кишвар ва Раиси ҳайати мамлакати ҳамсоя масоили беҳтарнамоии муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди мубоҳиса қарор гирифт.

Ба ҳаллу фасли масоили вобаста ба истифодаи захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон, муайяннамоии хатти сарҳади давлатии миёни ду кишвар, рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодию тиҷоратӣ ва як теъдод масоили мавриди нигаронӣ, аз ҷумла мушкилоти раводиду интиқоли транзитии мавод, таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир карда шуд.

Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки ҳамаи масоили баҳсталаби миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд бо назардошти анъанаҳои неки дӯстиву ҳамкориҳои чандинасра ҳаллу фасл шаванд.

Тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки Аҳдномаи қитъаҳои мувофиқатшудаи сарҳади ҳарду кишварро дарбаргиранда ҳарчӣ зудтар дар парлумонҳои ҳарду кишвар ба тасвиб расанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520