Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбари Гурӯҳи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.
Аксел Шиммелпфенниг бо қаноатмандӣ изҳор дошт: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи махсуси мушоҳидавии Хазинаи Байналмилалии Асъорро пурра иҷро намуд ва акнун мо ба таҳия ва пешниҳоди барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт шурӯъ мекунем».
Ба иттилои Аксел Шиммелпфенниг ҳамчунин санҷиши фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон бо натиҷаҳои мусбат анҷом ёфт ва акнун ҳеҷ монеае барои рушду густариши ҳамкориҳо вуҷуд надорад.
Таъкид гардид, ки дар таҳияи барномаи нави ҳамкорӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёт тавачҷӯҳи асосӣ ба андешидани чораҳои муассир баҳри паст кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон зоҳир карда мешавад.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии худро оид ба рушди ҳамкориҳо таъкид намуданд.