Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмасъуд Миркозими

05.02.2009 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмасъуд Миркозимиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Нахуст Сайидмасъуд Миркозимӣ даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) расонд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки то баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки ба наздикӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, ба Тоҷикистон ҳамчунин Вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Мустафо Муҳаммад Наҷҷор ва Раиси садо ва симои ин кишвар Изатулло Зарғомӣ ташриф меоранд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки баҳри рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра беш аз 70 санади қарордодию ҳуқуқӣ дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидааст.

Чунонки дар сӯҳбат зикр гардид, ҳаҷми савдои миёни ду кишвар дар соли 2008 маблағи 216,2 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин нишондоди соли 2007 қариб 80 миллион зиёд аст.

Мусоҳибон тавсиаи муносибатҳои тиҷоратии сеҷонибаи миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистонро низ зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бунёди нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақбҳои мошингарди Истиқлолу Чормағзак, истеҳсоли муштараки тракторҳо ва комбайнҳои ғалладарав, мошинҳои сабукрав ва дар барқарорсозию рушди минбаъдаи бахши парандапарварии Тоҷикистон миёни ду кишвар заминаи мусоид барои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодӣ муҳайё намудааст.

Ҳамкорӣ дар ташкили дурусти кори минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон низ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520