Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори нави Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Моту Кониширо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанба бо Бонки умумиҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ 12 лоиҳа бо маблағи умумии 173 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад, ки 85 миллиони он грант ё худ кӯмаки бебозгашт аст.
Моту Кониши изҳор дошт, ки барои ӯ аз Тоҷикистон оғоз намудани сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ басо муҳим аст. Ӯ ба чораҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои мусбӣ дода, изҳор намуд: «Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад то таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар ин ҷо ба ҳадди камтарин расонда шавад».
Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки Бонки умумиҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷонибаи худро баҳри истифода аз имкону захираҳои фаровони рушди иқтисодиёти Тоҷикистон афзун менамояд.
Дастгирӣ аз рушди гидроэнергетика бо назардошти аҳамияти минтақавии он, аз ҷумла барои барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва таъмини ниёзҳои энергетикии Покистон самти афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ маънидод гардид.
Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ низ, аз ҷумла барои дастгирии бахши пахтакорӣ самти муҳимми ҳамкорӣ маънидод гардид.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии қавии худро баҳри густариши ҳамкориҳо таъкид намуданд.