Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.01.2009 17:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар рафти он ҳисоботи роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида шуда, натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифт ва вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас карда шуд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба бартараф намудани камбудию нуқсонҳои мавҷуда, таҳкими омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва фаъолияти дигар сохторҳои дахлдор оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ зоҳир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти худ ба Раиси Суди олӣ Нусратулло Абдуллоев, Раиси Шӯрои адлия Шермуҳаммади Шоҳиён, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода ва Деректори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Исмоил Шафиев 6 моҳ мӯҳлат дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520