Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинсро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба сафари расмии пешомади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Латвия баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб аз ин сафар натиҷаҳои намоёну пурарзишро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мунтазиранд.
Ба гуфти мусоҳибон, ҳарду кишвар имкон доранд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда метавонанд ҳамкории иқтисодию тиҷоратии худро хеле густариш диҳанд, аз ҷумла дар самтҳои нақлиёту транзит, бунёди корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта ва меваю сабзавот ва дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ дар Тоҷикистон.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Латвия ва доир ба авзои кунунии Афғонистон сурат гирифт.