Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани

28.01.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани эътимоднома қабул намуд.

Зимни суҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Анри Зиппер де Фабиани, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд.

«Фаронса, ки бо Тоҷикистон ҳамгироии гуногунҷанба дорад, шарики асосии мо дар қитъаи Аврупо аст», - изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Пеш аз ҳама аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи Фаронса ба татбиқи лоиҳаҳои судовари инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи афзалиятноки гидроэнергетика амри зарурӣ ва идомаи мантиқии ҳамгироиҳои мавҷуда маънидод гардид.

Дар робита бо нақшаҳои ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Анри Зиппер де Фабиани аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон метавонад ба дастгирӣ ва кӯмаки амалии Фаронса баҳри раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетии худ эътимод бандад».

Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки баҳри шиносоии бештари Тоҷикистон ба мардуми Фаронса ва ҷалби сармоягузорони кишвараш ба ин ҷо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва зарурати рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520