Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур

28.01.2009 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Тревор Мур, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили вобаста ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо бо давлатҳои Аврупоро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат номида, аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон ба густариши робитаҳо бо Британияи Кабир, ки аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва ҷаҳон ба шумор меравад, манфиатдор аст».

Аз натиҷа ва дурнамои ҳамкории миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки асосан дар чаҳорчӯби муборизаи байналмилалии зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Мусоҳибон ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки сатҳ ва мазмуни робитаҳои ду кишвар ба имкону захираҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд. Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, азхуднамоии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва туризм зарур шумурда шуд.

Тревор Мур изҳор дошт, ки Британияи Кабир ва шахсан ӯ омодаанд баҳри ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва азхуднамоии захираҳои табиӣ саҳми намоён гузоранд.

Яке аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат баррасии авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон буд.

Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир изҳор дошт, ки андешаю пешниҳодоти Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои давлатҳои мададрасон баҳри дарёфти роҳҳои самарабахши ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон басо муҳиманд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520