Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Наришкин

26.11.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Нарышкинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Россия ва татбиқи амалии санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Аз мунтазамии робитаҳои сатҳи олӣ ва дигар сатҳу зинаҳои ду кишвар ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, хусусан аз рафти сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва робитаҳои ҳарбӣ сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Мусоҳибон суръат бахшидани корҳоро дар сохтмони иншооти дигари гидроэнергетикӣ ва азхудкунии муштараки захираҳои нафту гази Тоҷикистон матлуб арзёбӣ намуданд.

Рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг низ аз мавзӯъҳои муҳими сӯҳбат буд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520