Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатиповро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Рамазон Абдулатипов баҳри фаъолияти пурсамари дипломатиаш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории миёни Тоҷикистону Россия арзи сипос карда, заҳматҳои арзандаи ӯро бо мукофоти баланди давлатӣ - Ордени Дӯстӣ қадрдонӣ намуд.
Рамазон Абдулатипов аз ин мукофоти олӣ изҳори сарфарозӣ карда, ба нақши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар густариши робитаҳои дуҷониба ва тасмимҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Россия, хусусан дар ҳаллу фасли масоили амнияти минтақавӣ баҳои баланд дод. «Нақши бузурги Тоҷикистон ва Сарвари он Эмомалӣ Раҳмонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан дар ҳаллу фасли масоили вобаста ба Афғонистон ҳоло то охир дарк накардаанд», - таъкид дошт Рамазон Абдулатипов.
Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки минбаъд низ баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия саҳми худро дареғ нахоҳад дошт. Ба андешаи ӯ давлати Россия бояд тариқи амалӣ намудани лоиҳаҳои бузургҳаҷми инвеститсионӣ таҳкурсии иқтисодии робитаҳои ҳарбӣ сиёсии худро бо Тоҷикистон мустаҳкам намояд.
Зимни сӯҳбат байни онҳо оид ба дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия ва роҳҳои таъмиқу тавсиаи бештари робитаҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.