Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Кролро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пайвастагии робитаҳои сиёсӣ ва густариши муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: «Тоҷикистону Амрико шарикони муҳим дар мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳонӣ дар минтақаи васеи Осиёи Марказианд».
Қаноатмандӣ ҳамчунин аз ҳамгироиҳои босамари сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳор карда шуд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ зоҳир гардид, аз ҷумла баҳри аз худ намудани захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва истихроҷи газу нафти Тоҷикистон.
Гуфтугӯ атрофи авзои кунунии Афғонистон, бозсозии иқтисодиёти он ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҳарду ҷониб судманд таъкид намуданд.