Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуд доштани заминаи ҳуқуқию қарордодӣ ва механизмҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт: -«рушди муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо рӯ ба болоравӣ доранд».
Пйер Морел ба Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ ахборот дода, дурнамои робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро умедбахш арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иҷтимоиёту иқтисодиёт ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои пурарзиш Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетика ва саноат, нақлиёту коммуникатсия, туризм, маорифу тандурустӣ ва ғайра гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба масоили дастгирӣ ва тақвияти нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ва бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар минтақаҳои кӯҳистони тоҷик зоҳир гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯ сурат гирифт.