ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 16 январи соли 2024 №10
ш. Душанбе
Дар бораи раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳимӣ Фарҳод
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳимӣ Фарҳод раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
РАҲИМӢ Фарҳод
аз 23 майи соли 2020 дар вазифаи Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 19 сентябри соли 1968 Ҷои таваллуд шаҳри Панҷакент
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос омӯзгори фанни физика, доктори илмҳои физика ва математика, профессор
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1986-1987 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1987-1989 |
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Горкий |
Солҳои 1989-1992 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
09-11 соли 1992 |
Лаборанти калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1992-1997 |
Омӯзгори калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1997-2000 |
Докторанти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2000-2001 |
Дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2001-2005 |
Сардори идораи ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2005-2006 |
Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2006-2013 |
Муовини аввали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2013-2020 |
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз майи соли 2020 |
Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |