ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 16 январи соли 2024 №12
ш. Душанбе
Дар бораи раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки
амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
таъин намудани Салимзода А.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Салимзода Алиҷон Абдуҷалол раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
САЛИМЗОДА Алиҷон Абдуҷалол
аз 17 августи соли 2022 дар вазифаи Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 22 январи соли 1980 Ҷои таваллуд ноҳияи Вахш
Миллат тоҷик Таҳсилот Олӣ
Cоли 2001 Донишгоҳи байналмилалии Москва, соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос молия ва қарз, иқтисодчӣ
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не надорад
Вазъи оилавӣ Оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
|
|
Солҳои 2001-2002 |
Иктисодчии дараыаи 1-и шуъбаи буҷетҳои маҳаллии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2002-2004 |
иқтисодчии дараҷаи II идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2004-2006 |
иқтисодчии дараҷаи I идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2006-2009 |
иқтисодчии пшбари идораи назорати бонкӣ ва иҷозатномадиҳии Бонки миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2009-2010 |
муовини мудири Шуъбаи минтақавии Бонки иллии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа |
Солҳои 2010-2015 |
муовини мудири Шуъбаи минтақавии Бонки иллии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа |
Солҳои 2015-2018 |
мудири Шуъбаи минтақавии Бонки иллии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа |
Солҳои 2018-2020 |
мудири Шуъбаи минтақавии Бонки иллии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа |
Солҳои 2020-2022 |
директори департамент муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадории Бонки миллии Тоҷикистон |
аз августи соли 2022 |
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон |