Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавофуқоти Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва тиҷорат

24.08.2012 20:00

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон миёни КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» Талко ва Корхонаи коркарди нафти Туркменбошӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он ҳамасола дар ҳаҷми 35 ҳазор тонна кокси нафтӣ бо нархҳои имтиёзӣ ба Талко ҷудо карда мешавад.

Ҳамчунин мутобиқи супориши сарони давлатҳои ба сохторҳои масъули ду кишвар тарифҳои транзитии роҳи оҳани Туркманистон барои боркашонии Талко бояд сабук карда шавад.

Тавре зикр гардид, ба туфайли ҳамкории Талко бо корхонаҳои саноатии Туркманистон ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар дар нимсолаи якуми соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 240% афзун гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520