Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Давлатзода С.Х.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
29 январи соли 2024
№722

 

ДАВЛАТЗОДА Сайфиддин Хайриддин

 

аз 29 январи соли 2024 дар вазифаи раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» кор мекунад

Соли таваллуд 25 сентябри соли 1970        Ҷои таваллуд  ноҳияи Данғара       

Миллат   тоҷик                                              Маълумот       олӣ

соли 1996 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос     химик-биолог

Унвони илмӣ  дотсент, доктори илмҳои биологӣ            

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ, англисӣ (бо луғат)

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не- не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не –не

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

09-11 соли 1988

Борбардори Идораи савдои шаҳри Норак

Солҳои 1988-1990

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи советӣ

01-05 соли 1991

Сарпешоҳанги Мактаби миёнаи №51, ноҳияи Данғара

Солҳои 1991-1996

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон

Солҳои 1996-1998

Ассисенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1998-2000

Аспиранти шӯъбаи рӯзонаи институти ботаникаи АИҶТ, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2006

Омӯзгори калони кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 2006-2007

Дотсенти кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2007-2009

Мудири кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2009-2010

Мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2014

Сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъди дипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2015

Сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2018

Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2020

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз январи соли 2020
 то 29 январи соли 2024

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав»

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520