ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 январи соли 2024 №21
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
дар шаҳри Хуҷанд» озод намудани Шарифзода М.М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Мумин Машокир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон