Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои мудирони Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ Роналд Леманро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин маркази бонуфузи илмӣ- техникӣ ва рӯзномаи ҷаласаи навбатии он, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво оид ба рушди илму маориф дар Тоҷикистон, омода кардани кадрҳои болаёқати илмӣ ва таъмини робитаи байни илму истеҳсолот гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди муносибатҳои байни илм ва фаъолияти соҳибкорӣ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ як маркази захиравӣ кушода мешавад, ки ҳадафи асосии он ба олимон омӯхтани фаъолияти илмӣ- соҳибкорӣ аст.
Дар мулоқот мубодилаи судманди афкор ҳамчунин байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Федератсияи Россия ва Япония, ки дар кори ин марказ нақши намоён доранд, сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти густурдаи Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ, ки бештар дар шакли ташкил ва гузарондани курсҳои омӯзишӣ, семинару конфронс ва дигар чорабиниҳои муҳимми илмӣ - тарғиботӣ сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда, масъулони ҷониби Тоҷикистонро ба ҳамкории пурсамар бо ин муассисаи муътабар ҳидоят намуд.
Дар сӯҳбат зикр гардид, ки дар зарфи 5 соли узвияти Тоҷикистон ба ин марказ дар ҳамкорӣ бо он наздики 50 лоиҳаю барномаҳои илмӣ татбиқ шудаанд. Дар татбиқи онҳо ҳамагӣ беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ сарф шудааст, ки маблағи зиёд нест, вале ин чораҳо имкон додаанд, ки беш аз 300 нафар олимони тоҷик фаъолияти илмию тадқиқотии худро пурсамар намоянд.