Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат вазъи корҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои муташаккилу вобаста ба маводи мухаддир ва омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ шуд.
Зимни машварат нахуст гузориши Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов оид ба куштори хабарнигори телевизиони Россия «Шабакаи 1» Иляс Шурпаев дар шаҳри Москва шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар воқеъ ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба содир намудани ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд, дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дастгир шудаанд. Масъалаи ба ҷониби Россия додан ё надодани онҳо аз ҷониби прокуратураҳои генералии ду кишвар баррасӣ мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷиҳати саривақт кушодани ҷиноятҳо, таъмини волоияти қонун, бо сифати баланд ба роҳ мондани даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пурзӯр намудани тартибу интизом дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.